Сомонаи пешина | Дш, 26 Август 2019 | 11:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ба Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин китобҳо туҳфа карданд

 

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин ба маблағи 22165 сомонӣ 6253 нусха китоб тақдим кард.

Аз шумораи умумии китобҳои туҳфашуда 5850 нусха адабиёти бадеиву бачагона ва 403 нусха китобҳои дарсӣ барои хонандагони ММТУ синфҳои 1-11мебошанд. 

Китобдорон аз ин туҳфаи арзишманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон руҳу илҳоми тоза гирифта кушиш менамоянд, ки ҷиҳати оммавигардонии хониш миёни наврасон ва ҷавонон ташвиқу тарғиби китоб ва китобхониро боз хубтар ба роҳ монанд.

Т. Юсупова 
Вилояти Хатлон