Сомонаи пешина | Шб, 23 Феврал 2019 | 11:02
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг оид ба фаъолияташ дар соли 2018

8 феврали соли 2019 дар толори машваратии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти соҳа дар соли 2018 ва дурнамои фаъолият дар соли 2019 баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи нишасти матбуотӣ Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода оид ба фаъолият ва бурду бохти соҳа дар соли сипаригардида маълумоти мухтасарро ба рӯзноманигорон ироа намуд. 

Аз ҷумла қайд гардид, ки дар соли 2018 ба феҳристи арзишҳои байналмилалии Созмони ЮНЕСКО ворид гардидани санъати гулдўзии “Чакан” яке аз дастовардҳои назарраси аҳли фарҳанг ва ҳунар мебошад. 

Соли 2018 иштироки гурўҳҳои ҳунарї ва ҳунарпешагон дар чандин ҷашнвораву фестивалҳои байналмилалӣ бомуваффақият сурат гирифта, бо гирифтани ҷойҳои намоён фарҳанги тоҷикро байни дигар кишварҳо муаррифӣ намуд. Боиси ифтихор аст, ки шашмақомсароёни тоҷик Шоҳҷоизаи аввалин Форуми байналмилалии санъати мақомро, ки 6-10 сентябри соли 2018 дар шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ўзбекистон баргузор шуд, ба даст оварда, нотакрор будани санъати мақомсароиву мақомна-возии халқи тоҷикро байни 72 кишвари иштирокчии форум собит намуданд. 

29 июни соли 2018 дар Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб»-и Шӯрои байнидавлатии кишварҳои ИДМ китоби «Донишномаи фарҳанги мардумии халқи тоҷик», ки аз ҷониби Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик интишор гардидааст, Шоҳҷоизаи озмунро сазовор гардид. 

Дар озмуни мазкур ду китоби дигар дар бахшҳои гуногун сазовори ҷойҳои аввал гардиданд: «Мероси фарҳанги ғайримодии Тоҷикистон» (нашриёти Эр-граф) дар бахши «Гуфтугӯи фарҳангҳо» ва «Шиносоӣ ва хотира» (Н. Сафаров, Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик) дар бахши "Адабиёти таьлимӣ ". 

Муассисаи давлатии “Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик” дар доираи Намоиши 3 – юми китоби Евро – Осиё, ки рўзҳои 25-28 апрели соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Ќазоќистон сурат гирифт, барои таҳияи китоби “Донишномаи кўдакон ва наврасон” соҳиби “Шоҳҷоиза” гардид. Дар номинатсияи “Фарҳанг ва санъат” китоби “Донишномаи фарҳанги мардумии халқи тоҷик” ба “Дипломи дараҷаи I” сазовор дониста шуд.

Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода инчунин оид ба дастовард ва камбудиҳои муассисаҳои театрӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи санъат ва фарҳанг, соҳаи ҳифз ва истифодаи мероси фарҳангӣ, таҳкими робитаҳои байналмилалии фарҳангӣ бо дигар кишварҳо маълумот дод.

Сипас, рӯзноманигорон оид ба паҳлуҳои масъалаҳои гуногуни ҳаёти фарҳангӣ ба масъулини соҳа суолҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Мазмуни асосии суолҳо аз мушкилоти кадрӣ дар соҳаи фарҳанг ва норасоии мутахассисони баландихтисос, сохтмони китобхонаҳо дар маҳалҳо ва ҷалби соҳибкорон барои бунёди иншооти фарҳангӣ, мушкилоти иқтисодии расонаҳои мустақил ва имконияти дастгирии Вазорати фарҳанг аз онҳо бо роҳандозӣ намудани имтиёзҳо, вазъи сохтмони Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский, дастгирии донишҷӯёни бо бурсияҳо дар хориҷ таҳсилкунанда ва ғайра иборат буд.