Сомонаи пешина | Яш, 21 Апрел 2019 | 20:04
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Тарбиятгари оммаи мардум

 

Бо вирди забон овардани ибораи хурдакаки фарҳанг, ки дар худ ҷаҳон - ҷаҳон маънӣ, ҳунар, санъат, одобу маърифатро нигоҳ медорад, пеши назар як дунёи зебо, як олами рангини афсона намудор мегардад, ки ҳар яке аз ин ибораҳо дар бедор намудани ҳисси зебоиписандии мо инсонҳо, дар сабзу хуррам шакл гирифтани зиндагии ҳаррўзаи мо нақши бағоят бузург доранд.

Бе муҳобот мардуми сарбаланду шарафманди мо, аниқтараш миллати соҳибтамадуни тоҷик аз азал бо ҳунару ҳунармандӣ, зебоӣ, хулқу рафтори намунавӣ, эҷодкорию боиффатӣ миёни мардуми олам шинохтаасту бадин васила дар миёни бародаркишварҳо ҳамеша шоистаи иззату эҳтиром. Чун бобати соҳиби эҳтироми умум гардидани мардуми кишвар лаб во намудем, месазад, ки оиди сарчашмаи ин эҳтирому эътиқод суханпардозӣ намоем.

Албатта сарчашмаи мавриди эҳтиром қарор гирифтани мардуми мо пеш аз ҳама ҳунари эшон аст, ки то кунун ба ин восита нуфузи Тоҷикистонро муарифӣ менамояд.

Ҳунарҳои меъморӣ, бофандагию, дўзандагӣ, кандакорию гаҷкорӣ, кулолгарӣ , сарояндагию раққосӣ, нақшофарию эҷодкорӣ ва даҳҳои дигари ба ин монанде ҳастанд, ки мардуми боматонату боҷасорат ва бонангу номуси мо онро аз рўзи таваллуд дар худ доранд ва новобаста аз иҷрои касбҳои дигар дар яке аз ин ҳунарҳо шуғл меварзанд ва муваффақ мешаванд.

Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, ки яке аз шохаҳои асосии давлат, муаррифгари фарҳанги миллат маҳсуб меёбад, сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намуда, баҳри боз ҳам рушд намудани ҳунару ҳунармандӣ, эҳёи ҳунарҳои қадима ва тарбия намудани мутахассисони касбӣ дар соҳаҳои театру кино, рўзноманигорӣ санъатҳои сарояндагӣ, навозандагӣ, раққосӣ, рассомию дўзандагӣ ва дигар саъю талош варзида истодааст.

Тариқи фестивал озмунҳое, ки аз рўйи нақша ҳамасола дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, як зумра истеъдодҳое пайдо шуданд, ки метавон ба ояндаи дурахшонашон бо чашми умед нигарист.

Фаъолияти театрҳои халқӣ ва ансамблҳо дар даврони Истиқлолият зиёдтар рушд намуда, бо таҳия намудани намоишномаҳои ҷолибу тарбиявӣ баҳои баланди мухлисонро сазовор гардиданд. 

Айни замон дар ҷумҳурӣ 102 адад ансамбл, шумораи кормандон 11287 нафар, 7 адад филармонияи халқӣ, шумораи кормандон 120 нафар, 5 адад маркази хизматрасонӣ, шумораи кормандон 84 нафар ва 22 адад театри халқӣ, шумораи кормандон 102 нафар фаъолият мекунанд. Аз ин шумора, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 14 адад ансамблҳои рақсӣ амал мекунанд. Дар шаҳри Бўстон ансамбли рақсии “Ёсуман” - 14 воҳиди корӣ, дар ноҳияи Б.Ғафуров ансамбли “Бунафша” - 16 воҳиди корӣ, дар шаҳри Гулистон ансамбли “Сафина” - 5 воҳиди корӣ, дар шаҳри Истиқлол ансамбли “Садбарг” - 14 воҳиди корӣ, дар шаҳри Исфара ансамбли “Зумрад” - 15 воҳиди корӣ, ансамбли рақсӣ дар шаҳри Панҷакент - 20 воҳиди корӣ, дар ноҳияи Ҷ.Расулов ансамбли “Таманно” бо 14 воҳиди корӣ, дар шаҳри Хуҷанд ансамбли “Парниён” - 45 воҳиди корӣ, дар шаҳри Конибодом ансамбли “Гулдаста” - 20 воҳиди корӣ фаъолият мебаранд.

Инчунин, дар назди Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ансамблҳои рақсии “Чаманоро” - 20 воҳиди корӣ, “Маҳастӣ” - 22 воҳиди корӣ, “Гулноз” - 23 воҳиди корӣ, “Чаманоро” - 20 воҳиди корӣ, дар назди Кохи фарҳанги “Суғдиён” ансамбли рақсии ба номи Ғ.Валаматзода” - 45 воҳиди корӣ, ансамбли рақсии “Зебо” - 48 воҳиди корӣ ва дар назди ансамбли фолклорию этнографии “Фалак” ансамбли рақсӣ - 10 воҳиди корӣ таъсис дода шудааст.

Дар назди бахши фарҳанги ноҳияи Деваштич 3 ансамбли рақсӣ “Гулдухтарон” - 12 нафар, “Гулчин” - 13 нафар, “Парасту” - 12 нафар, дар ноҳияи Спитамен ансамблҳои рақсии “Анора” - 8 нафар ва “Сафина” - 24 нафар, дар ноҳияи Ашт гурўҳи рақсии “Гулчеҳра” - 12 нафар, дар ноҳияи Шаҳристон ансамбли “Чаманоро” - 10 нафар, дар ноҳияи Зафаробод ансамбли рақсии “Навои Суғд” - 12 нафар бе воҳиди корӣ бо ҷалби хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият мебаранд.

Дар вилояти Хатлон 5 театри халқии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ҷайҳун, Ёвон, Фархор ва Муъминобод фаъолият доранд. Театрҳои номбурда тўли ин муддат зиёда аз 10 намоишномаҳоро рўи саҳна овардаанд.

Дар вилоят 3 ансамблҳои касбӣ “Хутал”, “Шашмақом”, “Фалак”, 3 филармонияи халқӣ дар ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ, Кўшониён ва 11 ансамблҳои тарона ва рақс фаъолият доранд. Хушбахтона, солҳои охир бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ансамбли “Шашмақом” 10 воҳиди корӣ илова гардида, барои хариди сару либоси саҳнавӣ 55 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Ҳамзамон, ба ансамбли “Хутал” низ 20 воҳиди корӣ ба таври илова ҷудо карда шуд.

Барои мисол ин лаҳза метавон фаъолияти баъзе аз театрҳои халқӣ ва ансамблҳоеро, ки соли сипаришуда ва чанд моҳи соли нав бомаром фаъолият намуда истодаанд, ёдрас шуд.

Бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Хуҷанд чорабинии фарҳангӣ доир гардида, дар он сарояндагони шинохта ва ансамблҳои рақсии «Таманно» ба номи Ғ. Валаматзода, «Садбарг», «Парниён», «Гулноз», «Чаманоро», «Панҷакент», инчунин санъаткорони шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Б. Ғафуров, Ҷ. Расулов иштирок карданд.

Ҳунармандони ансамбли «Навои Бадахшон» бахшида ба Рўзи Артиши миллӣ, Рўзи Модар ва иди байналмилалии Наврўз барномаҳои консертӣ омода намуда, дар қисмҳои низомии шаҳри Хоруғ пешкаш намуданд. Инчунин бахшида ба Рўзи Ғалаба, Рўзи ҷавонон, рўзҳои фарҳанги ВМКБ дар вилояти Хатлон ва 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ барномаҳои ҷолиби консертиро пешкаши тамошобинон гардониданд.

Дастаи ҳунарии эҷодии ҷавонон «Эҳё» низ бахшида ба санаҳои муҳими таърихию фарҳангӣ барномаҳои алоҳида таҳия намуда, пешкаши сокинони шаҳри Хоруғ гардониданд. Дар барномаи консертӣ бахшида ба Рўзи Ғалаба, Рўзи ҷавонон, рўзҳои фарҳанги ВМКБ дар вилояти Хатлон бо муваффақият баромад намуданд. Гурўҳи ҳунармандон дар барномаи консертӣ бахшида ба рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ баромад карданд.

Ҳунармандони ансамбли “Фалак”-и шаҳри Кўлоб аз ҳисоби барномаҳои консертӣ ба маблағи 4000 сомонӣ фонди ансамблро пурра намуданд.

Ҳунармандони ансамбли “Шашмақом” бахшида ба Рўзи Рўдакӣ конференсияи илмиро дар мавзўи “Рўдакӣ рафт, монд ҳикмати ўй” доир намуданд. 

Тавре, ки дар боло ёдрас шудем соли сипаришуда барои кормандони соҳаи театр, бахусус театрҳои халқӣ соли бобарору фаромушношудани буд, чунки дар тули сол як зумра намоишномаҳои ҷолибро манзури тамошобин намуданд, ки мавзуҳои ба ҳаёти имруза мувофиқ буданду дар тарбияи маънавии мардум нақш гузоштанд Дар ҳамин радиф Театри халқии шаҳри Ваҳдатро ёдрас мешавем, ки тибқи нақша «Ҳафтаи театр»-ро манзури шаҳрвандон гардонида, инчунин намоишномаҳоро аз рўи асарҳои Нурулло Абдулло «Моҷарои сари пода» ва «Бешазор»» дар таҳияи коргардон С. Шукуров омода намуданд.


Аз тарафи ҳунармандони Театри халқии ноҳияи Рашт бошад ба афсарону аскарони қисмҳои низомӣ ва аҳолии ноҳия саҳнаҳои ҳаҷвии «Лексия», «Билети ҳарбӣ», «Рутба», суруди ҳаҷвии «Чӣ гапай?» бо оҳанги Усто ва Масто, саҳнаи ҳаҷвии «Ватандўстӣ» пешкаш карда шуд.

Ҳунармандони театри халқии ноҳияи Шаҳринав ҳам дар ин самт фаъолияти босамар нишон дода, саҳнаҳои ҳаҷвии «Дар хоб», «Ба ватан хизмат мекунам», «Амният», «Зани фарбеҳ», «Дугонаҳо» ва «Ақибгоҳ»-ро манзури мухлисон намуда баҳои баландро соҳиб гардиданд.

Театри халқии ноҳияи Файзобод чун солҳои қаблӣ бо талошу ҷустуҷуҳои нави эҷодӣ соли 2018-ро истиқбол намуда намоишномаи Ф. Нуров бо номи «Муҳаббати Модар» ва базми «Ханда - ханда»-ро бо иштироки театр - студияи ҳаҷвии «Шаҳрошўб»-ро омода намуданд, ки хеле ҷолиб ва муассир буд.

Ҳунармандони театри халқии шаҳри Ҳисор ҳам чун дигар ҳамкасбони хеш баҳри фароғати мардум, баҳри баланд бардоштани завқи мардум ва бедор намудани ҳисси ватандўсти ва зебоиписандию суботкорӣ як зумра намоишномаҳои ҷолибро таҳия намуданд ва дар арафаи таҷлили Рўзи Артиши миллӣ намоишномаи дупардагиро таҳти унвони «Ватан пайванд бо ҷони ману ту» пешкаши мардуми шаҳр гардониданд. Намоишнома дар якчанд муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр ба намоиш гузошта шуд. Инчунин, саҳнаи «Дониш андар дил чароғи равшан аст» ва «Дониш талабу бузургӣ омўз» дар толори қасри фарҳанг, намоишномаи «Онҳо барои Ватанӣ ҷон бохтаанд» бахшида ба рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватани пешкаши мардуми шаҳр гардонида шуданд. 

Ба ин монанд дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ ансамблҳои созию овозӣ ва рақсӣ, инчунин театрҳои касбӣ ва театрҳои халқӣ амал намуда истодаанд ва тавассути барномаҳои ҷолиби таҳиякардаи хеш дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Хурсандибахшаст, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон имрўзҳо сохтмони Театри миллӣ идома дорад ва месазад, ки тавассути театрҳои халқӣ истеъдодҳои навро кашф намуд ва аз ин ҳисоб барои таъмини Театри миллӣ аз ҳисоби кадрҳои соҳибистеъдод замина гузошт.

 

Қурбон Ғуломзода,
Сардори раёсати рушди муассисаҳои
фарҳангӣ - фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент