Сомонаи пешина | Ҷм, 23 Август 2019 | 06:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Озмуни ҷумҳуриявии драмнависон дар мавзўи муосир бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 Озмуни ҷумҳуриявии драмнависонро эълон мекунад.

Мақсади озмун дарёфти асарҳои беҳтарини драмавии муосир мебошад.
Қабули асарҳо то 1 августи соли 2019 сурат мегирад.

Шартҳои озмун чунинанд:

Асарҳои озмунӣ дар се нусхаи чопи компютерӣ пешниҳод шуда‚ бояд мавзўъҳои муосири таҷассумгари дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварро дар замони истиқлолият дар бар гиранд. Асарҳои бо забони русӣ ва ўзбекӣ таълифшуда бояд тарҷумаи таҳтуллафзӣ дошта бошанд. Меъёри пешниҳод арзиши бадеӣ-ғоявии пйесаҳо‚ ҷавобгўии онҳо ба қонуниятҳои жанри драматургия ва ҳамкории драматург бо режиссёри театр мебошад.

Асарҳои беҳтарин аз тариқи раъйдиҳии пўшида муайян мегарданд. Баҳои ниҳоиро ҳайати ҳакамони озмун муайян мекунанд.

Драмнависе‚ ки асараш ба озмун пешниҳод шудааст ва аъзои ҳакамон мебошад‚ дар муҳокимаи асари пешниҳоднамудаи худ иштирок намекунад. Асарҳои беҳтарин дар шакли маҷмўа интишор меёбанд ва ба ҳамаи театрҳои ҷумҳурӣ дастрас карда мешаванд.
Маросими ҷамъбасти озмун дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ҷоизаҳо:

Барои ғолибони озмун ҷоизаҳои зерин муқаррар гардидаанд:
Ҷои якум – 5000 сомонӣ
Ҷои дуюм – 3000 сомонӣ
Ҷои сеюм – 2000 сомонӣ

Се ҷоизаи ҳавасмандгардонӣ ҳар яке – 1000 сомонӣ.

Асарҳои озмунӣ бояд ба суроғаи зайл пешниҳод шаванд:
шаҳри Душанбе‚ хиёбони Рўдакӣ‚ 34
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефонҳо барои маълумот:
221-02-04; 221-39-80; 221-65-36