Сомонаи пешина | Яш, 21 Апрел 2019 | 20:04
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Тағйироти кадрӣ дар роҳбарияти Вазорати фарҳанг

 

5 феврали соли 2019 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, роҳбарияти вазорат ва ҳамаи муассисаҳои зерсохтор ҷаласа баргузор гардид.

Абдуҷаббор Раҳмонзода Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба нафақа гусел кардани муовини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон Ибодулло Машраб қироат намуда, аз номи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ибодулло Машрабов барои хизматҳои шоёнаш дар рушди фарҳанг ва санъати тоҷик изҳори сипос намуд. 

«Ҷаноби олӣ изҳор доштанд, ки Ибодулло Машраб дар бисёр чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ роҳбари бадеӣ буданд ва дар саҳнавӣ кардани асарҳои зиёд ва баландмазмун саҳми бориз дошта, барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа ҳисса гузоштаанд», - иброз дошт Абдуҷаббор Раҳмонзода. 

Сипас ба саъми ҳозирини ҷаласа Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазифаи муовини якуми вазири фарҳанг таъин намудани Обидҷон Назаров, ки қаблан вазифаи сардори раёсати фарҳанги шаҳри Душанберо дар уҳда дошт, расонида шуд. 

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ибодулло Машрабов ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, ба Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, ба муовинони вазир ва тамоми кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва муассисаҳои зертобеъ барои ҳамкории пурсамар изҳори сипос намуда, ба муовини якуми вазири навтаъин Обидҷон Назаров барори кор таманно кард. 

«Аз рӯзҳои нахустини фаъолияти эҷодиам ҳамеша аз ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳраманд будам. баъди ба синни нафақа расиданам муҳлати иҷрои вазифаи муовини якуми вазирро бароям боз ду сол тамдид намуданд, ки аз меҳрубониҳои Президенти маҳбуби кишвар аст», - изҳор дошт Ибодулло Машраб. 

Сипас муовини якуми вазири навтаъин Обидҷон Назаров ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба ӯ бовар кардани чунин вазифаи пурмасъул изҳори сипос намуда, зикр намуд, ки барои иҷрои вазифаҳои муҳими дар пешистодаи соҳаи фарҳанг камари ҳиммат мебандад. 

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода изҳор дошт, ки Ибодулло Машраб ҳунарпешаи на танҳо сатҳи ҷумҳуриявӣ, балки сатҳи байналмиллалӣ аст, ки сазовори чандин ҷоизаҳои байналмилалӣ гардидааст. «Фаъолияти аҳли эҷод доимӣ аст ва Вазорати фарҳанг минбаъд низ аз таҷрибаи ин ҳунарпешаи номӣ истифода хоҳад бурд» - иброз дошт Вазири фарҳанг. 

Хотиррасон мекунем, ки Ибодулло Машраб бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 марти соли 2015 муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида буд. Дорандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Рӯдакӣ, дорандаи ордени «Дӯстӣ», медали ҷашнии 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ва лауреати мукофоти байнидавлатии ИДМ «Ситораи Иттиҳод» мебошад.