Сомонаи пешина | Дш, 26 Август 2019 | 11:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Оркестри «Гулшан» барои ҷойи кории холиӣ озмун эълон менамояд

 

Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи давлатии гуруҳҳои эҷодию консертӣ» бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав барои ҷойҳои кории холӣ дар ҳайати Оркестри давлатии эстрадии «Гулшан» озмун эълон менамояд.

Барои иштирок дар озмун ҷавонони аз 16 то 25 сола, ки дар иҷрои жанри суруди эстрадӣ ва навозиши асбобҳои мусиқӣ истеъдод доранд ва дар тарғибу рушди санъати эстрадаи муосири тоҷик ҳисса гузошта метавонанд, даъват карда мешаванд.

Барои гирифтани маълумоти муфассал ба рақамҳои телефонии 93 314 77 77 ва 93 108 89 89 занг занед.