Сомонаи пешина | Шб, 23 Феврал 2019 | 11:02
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба Паёми Пешвои миллат ҷамъомад баргузор гардид

 

1 феврали соли 2018 дар ноҳияи Рӯдакӣ дар бинои Мактаби мусиқӣ ба номи Ашраф Мухторӣ бахшида ба Паёми Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷамъомад намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши кор бо ҷавонони ноҳияи Рӯдакӣ, роҳбарияти Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов ва омӯзгорони хонандагон иштирок намуда, вобаста ба Паём ва самтҳои асосии он табодули афкори созанда карданд.