Сомонаи пешина | Шб, 23 Феврал 2019 | 11:02
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Душанбе «Шаби афкор» сипарӣ гардид

 

Шоми 31 январи соли 2019 дар қароргоҳи Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон «Шаби афкор» баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ибтикори Сафорати Фаронса ва маркази фарҳангии Бохтар ташкил гардида, дар он намояндагони санъат ва фарҳанг, адабиёт, фаъолони ҷамъияти шаҳрвандӣ ва дигар соҳаҳо иштирок намуданд. 

Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар ҳозиринро хайрамақдам гуфта, дар бораи таърихи пайдоиши «Шаби афкор» нақл кард. «Шаби афкор» ташаббуси донишгоҳи фаронсафӣ буда, соли чорум инҷониб дар Фаронса ва сафоратҳои ин кишвар дар дигар давлатҳо гузаронида мешавад. Мақсади баргузории он табодули афкор байни давлатҳо ва фарҳангҳои мухталиф, баррасии масоили мубрами соҳаҳои гуногуни ҳаёт мебошад. 

Мавзӯи «Шаби афкор» ҳар сол тағйир меёбад. Мавзӯе, ки соли ҷорӣ барои баррасӣ интихоб гардидааст, «Рӯ ба имрӯз» буда, дар Душанбе ин мавзуъро аз нигоҳи нақш ва иштироки занҳо дар санъат ва баробарии онҳо бо мардон мавриди муҳокима қарор доданд. 

Мубодилаи афкор дар гуруҳҳои алоҳида бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, фаронсавӣ ва англисӣ сурат гирифт. 

Иштирокчиёни «Шаби афкор» инчунин аз тамошои филмҳои кӯтоҳ ва намоиши мусаввараҳо оид ба мавзӯи интихобгардида баҳра бардоштанд.