Сомонаи пешина | Дш, 26 Август 2019 | 11:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Шашмақом – садои зиндаи тамаддуни тоҷик

«Шашмақом – садои зиндаи тамаддуни тоҷик» - таҳти чунин унвон феҳристи адабиёти дар доираи лоиҳаи «Бунёди бойгонии захираҳои иттилоотӣ – электронӣ дар Китобхонаи илмии ДДФСТ ба номи М.Турсунзода барои солҳои 2017 - 2019» интишор ёфтааст.

Дастури мазкур мақолаҳои илмию оммавии дар захираи Китобхонаи илмии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода маҳфуз бударо дар бар гирифта, муаррификунандаи Шашмақом дар доираи аз захираҳои матбуоти даврӣ ва нашрҳои алоҳида гирдовардашуда мебошад.

Дастур аз ду қисм иборат буда, мақолаи муқаддимавӣ бо се забон – тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва кӯмакфеҳристҳоро дар бар мегирад. 

Китоб таҳти назари номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ғуломзода Қурбон рӯи чоп омада, мураттибони он Гадобек Маҳмудов, Ситора Абдумуминзода ва Алишер Ниёзов мебошанд.