Сомонаи пешина | Яш, 21 Апрел 2019 | 20:04
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории «Соати сиёсӣ» дар Вазорати фарҳанг

31 январи соли 2018 дар толори маҷлисии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Пешвои муаззами миллат, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Соати сиёсӣ" давр мавзӯи «Паёми Пешвои миллат – раҳнамо ба ояндаи нек ва ҳидоят дар роҳи ободонӣ ва шукуфоӣ» доир гардид.

Ҳамоишро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас олимон ва ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар мавзӯъҳои "Масъалаҳои ҳифз ва гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Муаррифии ҷашнҳои миллӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Масъалаҳои амнияти минтақавӣ дар Паёми Пешвои миллат" маъруза намуданд. 

Дар фарҷоми чорабинӣ Сардори шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Муҳаммад Вализода оид ба Одобномаи корманди ҳизбӣ суханронӣ намуда, ба як қатор аъзои нави ҳизб шаҳодатнома супорид.

Боиси зикр аст, ки чорабинӣ бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Фарҳанг" дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ташкил карда шуд.