Сомонаи пешина | Чш, 19 Декабр 2018 | 05:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Соли нав дар вилояти Суғд

Бахшида ба ҷашни Соли нави мелодии 2018 дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҷорабиниҳои гуногуни идона ва фарҳангӣ дар сатҳи баланд баргузор гардиданд. 
Санаҳои 27, 28, 29 декабри соли 2017 ва 2 январи соли 2018 дар Муассисаи давлатии Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд барномаи консертӣ бо иштироки ансамблҳои рақсии «Зебо», «Ғаффор Валаматзода», ансамбли созию овозии «Борбад», ансамбли созҳои мусиқии «Сайҳун», гурӯҳи Балети муосир баргузор гардид, ки аз ҷониби меҳмонон ва сокинони шаҳр хеле хуш истиқбол гардид. Баргузории чунин барномаи консертӣ шоми 3, 4, 5 январи соли 2018 низ дар назар аст.
30 декабри соли 2017 аҳли ҳунармандони Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо барномаи калони консертӣ дар назди мухлисон баромад намуда, табъи сокинонро шод намуданд.
Шоми 31 декабр дар маркази шаҳри Хуҷанд дар назди арчаи Солинавӣ барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони ансамблҳои рақсии «Зебо», «Ғаффор Валаматзода», «Чаманоро», «Гулноз» сарояндагони ҷавон ва шинохта Носир Раҳимов, Ҳилолиддин ва Аловаддин Шамсиевҳо, Фаридуни Нурулло, Фарангиси Дунё, Нозим Раҳимов доир гардид.
Дар театрҳои касбии вилоят низ баҳри хушнудии хурдсолон намоишномаҳои солинавӣ таҳия гардида, манзури бинандагон шуда истодааст. Аз ҷумла, аз 27 декабри соли 2017 то 20 январи соли 2018 дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ намоишномаи «Афсонаи солинавӣ» аз рӯи асари Ибод Зариф дар таҳияи коргардон Набишер Пояндаев манзури тамошобинон мегардад.
Аз 22 декабри соли 2017 то 22 январи соли 2018 дар Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назаров намоиши «Асрори вафодор», ки коргардон Б. Мақсудова аз рӯи асари Н.Маликов таҳия намудааст, ба саҳна гузошта мешавад.
Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстон намоишномаи нави «Соли вафодорӣ муборак»-ро аз рӯи асари Нодира Ахмедова таҳия намуда, аз 22 декабр то 31 январи соли 2017 дар толори театр ба намоиш гузоштанд. Аҳли театр шоми дирӯз бо намоиши мазкур ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар намуда, ният доранд, ки то 12 январи соли 2018 онро ба сокинони ноҳияи Б.Ғафуров манзур намоянд.
Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бӯстон намоишномаи нави «Щенячий патруль спасает Новый год»-ро, ки асари Н.Шарипов ва С.Шейхов буда дар таҳияи С.Шейхов ба саҳна гузошта шудааст, аз 22 декабри соли 2017 то 10 январи соли 2018 манзури тамошобинони хурдсол менамоянд.