Сомонаи пешина | Ҷм, 20 Апрел 2018 | 13:04
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Даъват барои иштирок дар 46-умин Намоишгоҳи байналмилалии асарҳои бадеии кӯдакон

Ҷумҳурии Чехия кӯдакон ва наврасони сини 4-16 соларо барои иштирок дар 46-умин Намоишгоҳи байналмилалии асарҳои бадеии кӯдакон LIDICE – 2018, ки 1 июни соли 2018 дар Ҷумҳурии Чехия ифтитоҳ мегардад, даъват менамояд.
Намоишгоҳ соли 1967 ба хотири кӯдакони деҳаи Лидисеи Ҷумҳурии Чехия, ки соли 1942 аз ҷониби миллатгароёни олмонӣ кушта шуда буданд, ташкил гардидааст. Имрӯз Намоишгоҳ яке аз бузургтарин чорабинии фарҳангии ҳунарӣ маҳсуб мешавад, ки дар он дастранҷи кӯдакон ва наврасон дар равияҳои гуногуни санъат мисли мусаввирӣ, аксбардорӣ, филмсозӣ, заргарӣ, чӯбтарошӣ, кулолгарӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ ва дигар ба маъраз гузошта мешаванд.
Мавзӯи Намоишгоҳ дар соли ҷорӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилали амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018 - 2028 ба об бахшида мешавад.
Чорабинӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Чехия, Вазорати маориф, ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Чехия, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Чехия ва намояндагии ЮНЕСКО дар Чехия ташкил мешавад.
Хоҳишмандони иштирок дар чорабинӣ бояд аризаи дархостии худро на дертар аз 28 феврали соли 2018 ба кумитаи тадорукоти Намоишгоҳ фиристанд.
Маълумоти муфассал ва шартҳои иштирок дар чорабинӣ дар сомонаи www.mdvv.lidice.cz/en ҷой дода шудааст.