Сомонаи пешина | Пш, 19 Июл 2018 | 01:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Барномаи консертии Ҷаннати 12-сола дар котиботи СҲШ дар Пекин

 

Моҳи декабри соли 2017 дар қароргоҳи Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Пекин консерти камеравии донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулови шаҳри Душанбе Ҷаннат Ҳусейнзодаи 12-сола баргузор гардид.
Консерти мазкур дар доираи силсилаи «Нӯҳ нотаи сеҳрофар» бо ибтикори Котиботи СҲШ ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии халқии Хитой гузаронида шуд. Боиси зикр аст, ки Котиботи генералии СҲШ бо мактуби расмӣ бобати даъвати Ҷаннат Ҳусейнзода ва баргузори консерти камеравии ӯ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда буд.
Котиби генералии CҲШ Р. Алимов ба барномаи консертӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки мусиқӣ ин забони муоширати байни миллатҳо мебошад ва ба тарҷума ниёз надорад.
Сафири мухтор ва фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии халқии Хитой Парвиз Давлатзода Ҷаннатро самимона ба Пекин хайрамақдам гуфта, дар бораи маҳорати нодири пианинонавози наврас нақл кард. «Мухлисони Ҷаннат ӯро барои иҷрои беҳамтои мусиқии композиторони номвар мисли Бах, Чайковский ва Бетховен, инчунин барои асарҳое, ки худи Ҷаннат эҷод кардааст, дӯст медоранд» - гуфт сафир.
Барномаи консертӣ, ки Ҷаннат Ҳусейнзода ва бо устодаш махсус омода карда буданд, асарҳои В.А.Мотсарт, Ф.Менделсон, Я.Сибелиус, Ф.Шопен, Готтшалк ва чанд асарҳои лирикии композиторони муосири хитоиро дар бар мегирфт. Мусиқии худи Ҷаннат таҳти унвони «Баҳор» ба барномаи консертӣ ҳусни нав зам намуд.
Дар доираи чорабинӣ инчунин намоиши аккосӣ таҳти унвони «Таърихи маданияти мусиқии халқи тоҷик» ба маъраз гузошта шуд. Меҳмонони чорабинӣ тавонистанд, ки расмҳои ёдгориҳои нодир аз қабили бонуи уднавоз - бозёфти асрҳои VI-VII мелодӣ дар Панҷакенти қадим, ҳайкалчаи асримиёнагии бонуи дафнавоз, ки дар вохӯрии Шоҳи Сосониён Хусрав ва дӯстдоштаи ӯ Ширин иштирок дошт, саҳнаи вохӯрии Шоҳ Хусрави Парвиз ва Борбад ва ғайраҳоро тамошо кунанд.
Дар намоишгоҳ инчунин зиндагиномаи санъаткорони барҷаста ва композиторон, арбобони шоистаи санъати халқи тоҷик мисли Зиёдулло Шаҳидӣ, Аъзам Камолов, Шоҳназар Соҳибов, Ҳанифа Мавлонова, Зафар Нозимов, Одина Ҳошимов, Фирӯз Баҳор, Дамир Дустмуҳамедов, Талабхӯҷа Сатторов, Шарофиддин Сайфиддинов, Толибхон Шаҳидӣ ва дигарон ҷой дода шуда буданд.
Боиси зикр аст, ки Ҳусейнзода Ҷаннат Музаффар донишҷӯи курси якуми шӯъба ва ихтисоси «Фортепиано»- и Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати ш.Душанбе ба номи А.Бобоқулов» мебошад, ва аз панҷсолагӣ бо омӯзиши мусиқӣ машғул аст. Дар навохтани пианино ва скрипка маҳорати хос дошта, қобилияти дирижерӣ ва эҷоди асарҳои мусиқӣ ҳам дорад.
Ӯ иштирокчии чандин озмун ва ҷашнвораҳои байналмиллалӣ дар кишварҳои гуногун аз қабили Ӯзбекистон, Миср, Фаронса, лауреат ва барандаи медали тиллоии «The Golden Festival International» (Париж, моҳи маи 2015) мебошад.