Сомонаи пешина | Яш, 18 Феврал 2018 | 00:02
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Барномаи солинавӣ дар Консерватория

29 декабри соли 2017 дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бахшида ба Соли нави мелодии 2018 барномаи идонаи консертӣ баргузор гардид.
Барномаи консертӣ аз ҷониби хонандагон ва устодони факултаи санъати мусиқии эстрадӣ ташкил гардида, иштирокчиёни он намунаҳои осори мусиқии санъаткорони классикӣ ва муосирро манзури тамошобинон гардониданд.
Донишҷуёни курсҳои 1,2 ва 4-и факултаи мазкур намунаҳоро аз эҷодиёти Саъдии Шерозӣ, Далер Назаров, Фируз Паллаев, Наргис Бандишоева, инчунин осори эҷодиёти санъаткорони рус, эронӣ, амрикоӣ ва ҳинду дар сатҳи баланд иҷро намуданд.
Чорабинии идона хеле хотирмон буд ва аз ҷониби тамошобинон бо кафкӯбиҳо истиқбол гардид.