Сомонаи пешина | Яш, 16 Июн 2019 | 15:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Модари театри тоҷик Мушаррафа Қосимова дар 101-солагиаш ба китобаш соядаст менависад

 

19 декабри соли 2018 Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ордени «Шараф» Мушаррафа Қосимова ба синни мубораки 101 расид.

Ба муносибати садумин солгарди зодрӯзи ин шахсияти бузург ва нотакрор китобе оид ба зиндагиномаи ӯ таҳти унвони «Модари саҳнаи тоҷик – Мушаррафа Қосимова» интишор ёфтааст. Соҳибҷашн дар зодрӯзаш ба шогирдону мухлисон ва собиқадорони соҳа, ки ба муборакбодии ӯ омаданд, китоби зиндагиномаи худро тақдим намуд. 

Ин бонуи ҳунар ҳатто барои чандин меҳмонон китобро бо соядасти худ тӯҳфа кард. Меҳмонони соҳибҷашн бо дидани чунин манзара, ки модари театри тоҷик дар чунин синну сол менависад ва мехонад, ба ҳунару истеъдод ва тавоноии бонуи тоҷик аҳсан гуфтанд. 

Ба аёдати соҳибҷашн аз ҷумла Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир, Лутфулло Давлатзода ва Афзалшо Шодиев омада, ӯро бо рӯзи мавлуд муборакбод гуфтанд.

Ин бонуи ҳунар ҳатто барои чандин меҳмонон китобро бо соядасти худ тӯҳфа кард. Меҳмонони соҳибҷашн бо дидани чунин манзара, ки модари театри тоҷик дар чунин синну сол менависад ва мехонад, ба ҳунару истеъдод ва тавоноии бонуи тоҷик аҳсан гуфтанд. 

Китоби зиндагиномаи Мушаррафа Қосимова дар нашриёти «Истеъдод» нашр гардида, онро муаллифон Мирзоалӣ Алиев ва Ғаниҷони Олим таълиф намудаанд. 

«Дар китоб зиндагиномаи сар то ба по талош, ҷидду ҷаҳд, худсӯзию худсозиҳои бонуи ҳунар, муаррифгари шахсияти зан-модар, санъаткори маъруфу машҳур ва модари ғамхору мушфиқ, нексиришту поктинат, ки дар ҷодаи санъати касбӣ бо хунари волои хеш дар дилу дидаи мардум ҷой гирифааст, Мушаррафа Қосимова мавриди таҳлил қарор ёфта, андешаҳои як қатор рӯзноманигорон оид ба лаҳзаҳои ҷудогонаи фаъолияти фарҳангию оилавии ӯ гирд оварда шудааст», - оварда шудааст дар оғози китоб.

Мушаррафа Қосимова 19 декабри соли 1917 шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Барои хизматҳои беназир ва бузургаш ӯро дар байни мардум «Модари театри тоҷик» ном мебаранд. Дорандаи орденҳои «Шараф (1999), «Байрақи сурхи меҳнат» (1971), медалҳои «Барои меҳнати бошуҷоат дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (1975, 1985, 1995, 2005, 2015), «Барои меҳнати шоён» (1965), «Ба шарафи 100-солагии В.И. Ленин (1970), Ифтихорномаҳои Шӯрои олии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон аст.