Сомонаи пешина | Яш, 16 Декабр 2018 | 12:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Маҳфили гиромидошти хотираи композитор Миратулло Атоев

Бо шарофати сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста санаҳои муҳиму таърихӣ, бузургдошти шахсиятҳои бузурги миллати тоҷик ҷашн гирифта мешаванд.

Фарҳанги мусиқии тоҷик дорои симоҳои барҷастае мебошад, ки онҳоро метавон ҳамчун намунаи ибрату пайравӣ тарғиб намуд. 

Дар ин замина, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 80-солагии зодрӯзи композитор, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, Миратулло Атоев маҳфили гиромидошти хотираи ӯро бо иштироки васеи аҳли эҷод, композитолрону мусиқашиносон, хонадагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳану санъат баргузор намуд.

Дар маҳфил, аз ҷониби ҳамкорону шогирдони Миратулло Атоев хотираҳо иброз гардида, ҳамзамон хонадагону донишҷуёни мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ба номи З.Шаҳидӣ, Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов, мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ба номи М. Атоев ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода асарҳоро аз эҷодиёти М. Атоев пешкаши ҳозирин намуданд.

Бояд тазаккур дод, композитор, Миратулло Атоев бо истеъдоди фавқулодаи хеш дар мусиқии касбии тоҷик мактаби хешро ба вуҷуд овард, ки дар атрофи ин мактаби бонуфузу фарогири майлу рағбати зебописандӣ, анъанаҳои беҳтарини фарҳанги тоҷик эҳё гардидаанд. 

Дар услуби эҷодиёти Миратулло Атоев хусусиятҳое хосае аз қабили лирикаи диловарона, ботамкин, вусъати табиии шакл, тавсифи барҷастаи симоҳои мусиқӣ, саъй ба сӯи содагӣ, нигориши андешаи бадеӣ баръало ҳувайдо гардидаанд. Ҳар як асари ӯ таъйиноти аниқ дошта, маҳз ҳамин чиз ӯро ҳамчун композитори дорои истеъдоди нодири оҳангсозӣ муаррифӣ менамояд.

Тавре Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низомов иброз намуд, баргузории маҳфили гиромидошти хотираи композитор Миратулло Атоев аз ҷониби Иттифоқи композиторони Тоҷикистон боиси таҳлили нави мероси ӯ гардида, шинохти амиқи шахсияти ин композитори маъруфи тоҷик ва мероси нодири ӯ ҳамчун омили ҳифзу эҳёи фарҳанги мусиқии касбии тоҷик мебошад.