Сомонаи пешина | Яш, 16 Декабр 2018 | 12:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вазъи риояи меъёрҳои забон дар матни сурудҳои муосир

Бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 декабри соли 2018 вохӯрӣ бо эҷодкорон, композиторон ва сарояндагон баргузор гардид, ки дар он вазъи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ дар сурудҳои муосир мавриди таҳлил ва муҳокима қарор гирифт.

Дар ҷамъомади мазкур дар масъалаи вазъи имрўзаи забони адабии тоҷик ва меъёрҳои он мубодилаи афкор сурат гирифта, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб, намояндаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбоналӣ, профессор Баҳриддин Камолиддинов, узви ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Сайфиддин, намояндаи Муассисаи нашриявии «Адиб» Муҳтарам Ҳотам, ҳунармандони шинохта Фахриддини Малик ва Фарҳоди Одина оид ба ин мавзӯи муҳим изҳори назар намуданд.

Дар ҷаласа пешниҳод гардид, ки ба хотири арҷ гузоштан ба олитарин муқаддасот – забон, ки муаррификунандаи давлат ва миллат аст, дар назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯрои мувофиқасозии матни сурудҳо таъсис дода шавад. Баҳри тозагии забон ва риояи меъёрҳои забон ва ҳифзи ҳунари воло аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба таври зинда хондани сурудҳо барномаҳои таблиғотӣ таҳия карда шаванд.

Дар анҷоми ҷаласа бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои зикргардида аз рӯи таклифу пешниҳоди сарояндагону бастакорон ва шоирону нависандагон муроҷиатнома қабул шуд, ки он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.