Сомонаи пешина | Яш, 16 Декабр 2018 | 12:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Намоиши эҷодӣ дар шаҳри Турсунзода

 

Санаи 6 декабри соли 2018 бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши асарҳои эҷодии рассомон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов дар шаҳри Турсунзода оғоз мегардад.

Намоиши мазкур дар Осорхона ва Китобхонаи марказии ба номи Мирзо Турсунзода баргузор гардида, дар он асарҳои эҷодии рассомону дониҷшӯёни Муассисаи давлатии коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ба намоиш гузошта мешаванд.