Сомонаи пешина | Ҷм, 22 Март 2019 | 01:03
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Профессори Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтойи Федератсияи Россия дар доираи сафари корӣ рақсҳои тоҷикиро мавриди омӯзиш қарор дод

 

Дар доираи ҳамкории байналмилалии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтойи Федератсияи Россия  (шаҳри Барнаул)  профессори кафедраи хореографияи донишгоҳи мазкур Сингач Николай бо сафари корӣ ба  Душанбе  омад.

Тавре профессор, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонов ба АМИТ «Ховар»   хабар дод, профессор  Сингач Николай  дар доираи сафари худ бо донишҷӯён дарсҳои маҳорати хореографӣ ва бо омӯзгорони кафедраи донишкада курси такмили ихтисос баргузор намуд. Инчунин номбурда аз Ансамбли давлатии рақсии «Лола» ва Ансамбли «Гулрез»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан кард. Ӯ рақсҳои тоҷикиро мавриди омӯзиш қарор дод ва тасмим гирифт, ки бо балетмейстерҳои ин ансамблҳо суҳбатҳои корӣ анҷом дода, методикаи саҳнавӣ намудани рақсҳои миллии мардуми русро муаррифӣ намояд.

Тибқи иттилои Сафаралӣ Қурбонов, дар назар аст, ки  аз ҷониби Сингач Николай ҳаракатҳои рақси русӣ ва  асарҳои хореографӣ дар ансамбли «Бунафша»-и донишкада ба саҳна гузошта шаванд.

Ёдовар мешавем,  ки моҳи октябри соли равон мудири кафедраи хореографияи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон  ба номи М. Турсунзода Музаффар Искандаров ба Донишкадаи давлатии фарҳанги кишвари Олтойи Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дода,  бо иштироки ҳайати Ансамбли рақсии «Сибир»-и ин донишкада рақсҳои ҷолиби тоҷикӣ, аз ҷумла рақси «Кабӯтар», рақси «Бадахшонӣ», рақс — дуэти «Ҷавонони кӯҳистон» ва сюитаи «Базми Хатлон»-ро ба саҳна гузошт. Омӯзгори тоҷик ба ин восита рақси мардуми тоҷикро ба онҳо муаррифӣ намуд.

АМИТ «Ховар»