Сомонаи пешина | Яш, 16 Декабр 2018 | 12:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Форуми байналмилалии муколамаи тиҷоратӣ ва фарҳангӣ дар Чин мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва ҳунарҳои дастии Тоҷикистон намоиш дода шуданд

 

Рӯзҳои 1-2-юми декабри соли равон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода дар ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии асбобҳои мусиқӣ ва дуюмин Форуми байналмилалии муколамаи тиҷоратӣ ва фарҳангӣ, ки дар мавзеи сайёҳии «Экспо-парки хонаҳои қадима»-и шаҳри Бенгбуи музофоти Анхой доир гардиданд, иштирок ва суханронӣ намуд. 

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон хабар доданд, Парвиз  Давлатзода оид ба фарҳанги пурғановат, санъату ҳунари волои мардуми тоҷик, рушду пешрафти иқтисоди кишвар сухан ронда, вобаста ба рушди бомароми ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи тиҷорату фарҳанг ва имконоту фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон маълумот дод.

Дар доираи сафари мазкур мулоқоти Сафир бо аъзои Шӯрои мардумии машварати сиёсӣ, Раиси Иттиҳодияи Санҷианг ва Роҳбари «Экспо-парки хонаҳои қадима» Ма Гуосианг ва муовини Раиси шаҳри Бенгбу хонум Ҷанг Сиаоҷинг баргузор гардида, масъалаи бунёди хонаи тоҷикӣ дар Бенбу матраҳ карда шуд.

Ҳамчунин 2 декабр дар доираи ҳарду ҳамоиш бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси ғайримоддии фарҳангӣ қабул шудани Чакан намоиши мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва маҳсули дасти ҳунармандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Сафир Парвиз Давлатзода, муовини Раиси шаҳри Бенгбу хонум Ҷанг Сиаоҷинг, аъзои Шӯрои мардумии машварати сиёсии Чин Ма Гуосианг, Сафири Озарбойҷон дар Чин Акрам Зайналӣ бо гузоштани имзо дар лавҳаи идона ба намоиш оғоз бахшиданд.

Дар намоиш беш аз 30 акс, ки бахшҳои таърихию фарҳангӣ, манзараҳои тамошобоби кишвар, расму оин, ҳаёти имрӯзаи мардуми кишвари моро инъикос мекунанд, либоси миллӣ, маҳсули ҳунарҳои дастӣ, ба монанди гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ ва ғайра ба маърази намоиш гузошта шуданд.

Намояндагони сохторҳои давлатии шаҳри Бенгбу, намояндагони корпуси дипломатӣ, меҳмонони Намоишгоҳи байналмилалии асбобҳои мусиқӣ ва дуюмин Форуми байналмилалии муколамаи тиҷоратӣ ва фарҳангӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма дар намоиши мазкур  иштирок карданд.

АМИТ «Ховар»