Сомонаи пешина | Яш, 16 Декабр 2018 | 12:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрии Вазири фарҳанг бо Намояндаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо

 

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода санаи 03 декабри соли 2018 Намояндаи навтаъиншудаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мерилин Йосефсонро ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ хонум Мерилин Йосефсон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳанги кишварро ба муносибати аз ҷониби Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид – ЮНЕСКО ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани «Чакан» табрик гуфта, инро як дастоварди муҳими миллати тоҷик дар соҳаи фарҳанг арзёбӣ намуд. 

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаи таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва маориф, омода кардани мутахассисони баландихтисосро дар соҳаи фарҳанг ва санъат мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.