Сомонаи пешина | Яш, 16 Декабр 2018 | 12:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрии Вазири фарҳанг бо кордори Сафорати Афғонистон

 

30 ноябри соли 2018 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода кордори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саидмаъсуми Бадахшро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат масъалаҳо таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ, баргузории чорабиниҳо, иштироки намояндагони ҳар ду ҷониб дар чорабинии Наврӯз -2019, инчунин баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.