Сомонаи пешина | Ҷм, 22 Март 2019 | 01:03
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Раҳматнома аз Рустами Эмомалӣ барои сохтмони майдончаи варзишӣ

 

Ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе раҳматнома омад.

Дар матни нома Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба аҳли фарҳанг барои иштироки фаъолона дар озмуни беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса, ташкилоти давлатӣ ва шахсони инфиродӣ оид ба сохтмони майдончаи варзишӣ, бунёди боғу гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.

Боиси зикр аст, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 июни соли 2018 бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон дар маҳаллаи 103 шаҳри Душанбе кӯчаи Бобоҷон Ғафуров 42/1 майдончаи кӯдакона ва майдончаи варзишии муҷаҳҳазро ба истифода дода буд 
Майдончаи кӯдакона ва майдончаи варзишӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017 бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкории самараноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо сохта шуданд.

Майдончаҳо бо маблағи 730 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар сохтмони онҳо кормандони дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои зерсохтор ҳар ҳафта бо ташкили ҳашари шанбегӣ ҳисса гузоштаанд.