Сомонаи пешина | Яш, 16 Декабр 2018 | 12:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Барномаи рушди муассисаҳои фарҳанги шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020» ва нақшаи чорабиниҳои татбиқи он тасдиқ гардид

 

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  «Барномаи рушди муассисаҳои фарҳанги шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020» ва нақшаи чорабиниҳои татбиқи он тасдиқ гардид.                                             

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  барномаи мазкур бо мақсади татбиқи нишондодҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2016 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва иҷрои қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 11 июли соли 2018 «Дар бораи рафти татбиқи барномаву нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи фарҳанг» роҳандозӣ мегардад.

Тибқи қарори мазкур масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ва дигар воҳидҳои зерсохтори он ҷиҳати  таъмини татбиқи Барномаи мазкур вазифадор гардиданд.

Ҳамчунин бо ин қарор Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки барои татбиқи «Барномаи рушди муассисаҳои фарҳанги шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020» мутобиқи замимаи пешниҳодгардида  маблағҳои заруриро дар буҷети соҳаи фарҳанг пешбинӣ намояд.

Бояд зикр кард, ки Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози татбиқи Барномаи мазкур муқаррар гардид. Раёсати мазкур вазифадор гардидааст, ки ҳар нимсола доир ба корҳои анҷомёфта гузориш пешниҳод намояд.

Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад.

 

АМИТ «Ховар»