Сомонаи пешина | Ҷм, 19 Июл 2019 | 09:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони исломӣ оид ба маориф, илм ва фарҳанг ИСЕСКО

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Музаффар Давлатзода ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи бонуфузи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони исломӣ оид ба маориф, илм ва фарҳанг ИСЕСКО бо як сафари хизматӣ дар Шоҳигарии Баҳрайн қарор дорад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки мавсуф дар ин чорабинии пуршукӯҳ, ки дар он зиёда аз 44 давлати дунё ва 13 ташкилотҳои хориҷӣ иштирок доштанд, дар таърихи 29 ноябри соли 2018, бо як баромади пурмуҳтаво таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласаро бо дарназардошти дастгирию ғамхориҳои шоёну намоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳимояи ҳуқуқ ва арзишҳои исломии шаҳрвандони ҷумҳурӣ, инчунин эътирофу эҳтироми дигар расму оинҳои динии шаҳрвандон аз минбар ҷалб намуданд.

Ҳамзамон дар фароварди сухан муовини вазир салому арзи сипоси самимонаи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ш. Орумбекзодаро аз минбар ба Дабири кулли Созмони исломӣ оид ба маориф, илм ва фарҳанг доктор Абдулазиз Усмон ал-Тувайчири ва Вазири фарҳанг ва мероси Шоҳигарии Баҳрайн муҳтарам Мей бинт Муҳаммад Оли Халифа барои даьват ва пазироии хос расонид.