Сомонаи пешина | Ҷм, 19 Июл 2019 | 09:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Наврӯз бо оҳангу сурудҳои нав таҷлил мегардад

 

Таҳти раёсати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз ҷаласаи васеъ доир гардид, ки дар он намояндагони Вазорати фарҳанг, мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе, аҳли фарҳангу эҷод, роҳбарони муассисаҳои консертӣ ва санъаткорони варзидаи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Дар оғози ҷаласа Абдуҷаббор Раҳмонзода саҳми аҳли ҳунар ва фарҳангро дар баргузории Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолгардонии чархи аввали НБО «Роғун» ва чорабиниҳои фарҳангии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт махсус қайд намуда, бори дигар аз номи Пешвои муаззами миллат ба аҳли эҷод ва ҳунару фарҳанги кишвар арзи сипос намуд.

Инчунин дар ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи соли 2019, истиқболи Соли нави мелодӣ ва омодагӣ ба дигар чорабиниҳои муҳими соли оянда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Маҳорати баланди ҳунармандӣ, эҷоди суруду таронаҳо ва оҳангҳои тоза чун шарти муҳими ширкат дар чорабиниҳои фарҳангии соли оянда арзёбӣ гардиданд.