Сомонаи пешина | Яш, 18 Ноябр 2018 | 05:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Тантанаи Рӯзи театри тоҷик ва 80-солагии Фаттоҳ Одина

 

Шоми 7 ноябри соли 2018 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба ифтихори Рӯзи театри тоҷик ва 80-солагии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Лауреати мукофоти давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, композитор Фаттоҳ Одина чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид. 

Саҳни ҳавлии театр ба таври идона оро дода шуда, гурӯҳи карнайнавозон ва сурнайнавозон бо оҳанги шӯхи идона меҳмонони чорабинӣ ва собиқадорони соҳаро истиқбол мегирифтанд. Дар даромадгоҳи бинои театр намоиши аккосӣ ва нигораҳо, ки аз таърихи театри тоҷик ва чеҳраҳои намоёни он нақл мекарданд, ташкил гардида буд. 

Толори театр аз мухлисону ҳаводорон, ҳунарпешагон ва дӯстдорони санъат пур буд. 

Муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон Ибодулло Машраб ва духтари композитори маъруф Фаттоҳ Одина Бунафша Одинаева ба саҳна баромада, ҳозиринро бо ҷашни Рӯзи театри тоҷик табрик гуфтанд. 

«Бо ҷашни Рӯзи театри тоҷик тавъам омадани 80-солагии композитори маъруф Фаттоҳ Одина бесабаб нест, зеро ӯ солиёни зиёд дар ҳамин театр кору фаъолият намуда, асарҳои беназири мусиқӣ офаридааст», - иброз дошт Ибодулло Машраб. 

«Ман хеле хурсандам, ки чунин падари нотакрор ва арзанда дорам. Умед дорам, ки асарҳои ӯ минбаъд низ дар дили наслҳои оянда ҷой мегирад ва аз осори падарам истифода мебаранд», - зикр намуд Бунафша Одинаева. 

Сипас, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо сухани ифтитоҳӣ ва шодбошӣ баромад намуда, оид ба мавқеи санъати театрӣ дар ҳаёти иҷтимоии мардум сухан гуфт. 

«Театри тоҷик, ки рукни тамаддуни умумибашарист, тӯли қариб 90 соли мавҷудияти хеш ташаккули эҳсоси зебоипарастиро дар замири наслҳо бо тамоми масъулиятшиносӣ тақвият дода, бо шарофати намоишномаҳои баландмазмун ва ҳунари волои шахсиятҳои муътабари саҳна, ки хушбахтона теъдодашон зиёд аст, дар рушд ва такмили фарҳанги миллии тоҷик ва ба оламиён муаррифӣ намудани рӯзгори гузаштаю муосири пурифтихори халқамон нақши босазо дорад» - зикр намуд Вазири фарҳанг. Ӯ инчунин қайд намуд, ки мақом ва манзалаи театр дар марҳилаи соҳибистиқлолии кишварамон афзуда, масъулияти бештари санъаткоронро низ тақозо менамояд.

Инчунин Вазири фарҳанг эълон дошт, ки қасри фарҳанги нав, ки чанде пеш дар ноҳияи Темурмалик ифтитоҳ ёфт, номи Фаттоҳ Одинаро гирифтааст. Ба ин муносибат ба раиси ноҳияи Темурмалик мусаввараи Фаттоҳ Одинаро, ки аз ҷониби рассомони чирадаст тасвир гардидааст, туҳфа намуданд. 

Сипас, барномаи ҷолиби ҳунарӣ, ки иборат аз порчаҳои намоишҳои театрӣ ва рақсу суруд иборат буд, пешкаши аҳли толор гардид.