Сомонаи пешина | Яш, 18 Ноябр 2018 | 05:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Беҳтаринҳои соли хониш муайян гардиданд

7 ноябри соли 2018 дар Вазорати фарҳанг амъбасти Озмуни «Муаллими беҳтарини сол», «Донишҷӯи беҳтарини сол» ва «Хонандаи беҳтарини сол» баргузор гардид.

Озмун дар оғози соли хониш бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, тарғиби навҷӯию эҷодкорӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадам эълон гардида, дар он омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагони зиёд иштирок намуданд.

Ҳайати ҳакамони озмун аз рӯи шартҳои муқарраргардида нафарони зеринро ғолиб дониста, бо диплом ва мукофоти пули Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардониданд:

1. Ғуломов Ашурмамат- омӯзгор, дотсенти кафедраи режисураи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода;

2. Сотникова Маргарита Исламбековна – мудири кафедраи тарҳрезии бадеи либос, омӯзгори фанҳои тахассусии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон;

3. Агапова Лариса Петровна – омӯзгор, дотсенти кафедраи таърих ва назарияи мусиқии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов;

4. Бозоров Умедҷон Муродович - омӯзгори фанни санъати тасвирии Коллеҷи санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Олимов;

5. Белинская Наталя Юревна – омӯзгори шуъбаи фортепианои Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов;

6.Ҳасанова Наргис Шавкатовна - омӯзгор, хореографи шуъбаи рақси классикии Коллеҷи ҷумҳурияии хореографии ба номи М. Собирова;

7.Умар Темуров - омӯзгори сози ғижжаки Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов;

8. Акобиров Ғолибшо Ибронович – омӯзгори синфи рубоби Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З. Шаҳидӣ;

9.Комилова Фируза Сайдуллоев - мудири шуъбаи фортепианои тахассусии Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев;

10.Доробшоева Дилрабо Бандишоевна - донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи «Рӯзноманигори телевизион»-и факултети театр, кино ва телевизиони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода;

11.Мирзоева Меҳриниссо Қувваталиевна – донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси «Дизайни костюм ва газвор»-и факултети дизайни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон;
12. Анваров Ҳикматулло Сафархӯҷаевич - донишҷӯи курси 4-уми шуъбаи сарояндагии анъанавии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов;

13.Қаландарзода Ҷумахони Раҳматулло – донишҷӯи курси 4-юми шуъбаи «Созҳои оркестри халқӣ»-и Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов;

14.Машрапов Муҳаммадзоҳид- донишҷӯи курси 4-уми шуъбаи таълими мусиқии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов;


15.Бандишоева Самима Додалишоевна – донишҷӯи курси 4-юми шуъбаи рақси халқии Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М.Собирова;

16.Кишварзода Томирис Абдурашид - донишҷӯи курси 3-уми шуъбаи «Типографика»-и Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов;

17. Ардашерзода Комрон Ардашер - хонандаи синфи 11-уми шуъбаи назарияи мусиқии Мактаб – интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З. Шаҳидӣ;

18. Ҳабибов Шаҳриёр Тоҳирҷонович – хонандаи синфи 9-уми шуъбаи созҳои оркестрӣ, синфи скрипкаи Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев.