Сомонаи пешина | Яш, 18 Ноябр 2018 | 05:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Лутфулло Давлатзода: «Театр минбари баланд аст»

 

Дирӯз, 7 ноябр дар Тоҷикистон ба унвони Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад. Ба  ин муносибат дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо иштироки ҳунармандони театрҳои кишвар, аз ҷумла Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барномаи идона баргузор мешавад. Рӯзи театри тоҷик ба таъсиси Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи А. Лоҳутӣ иртибот дорад. Чун ин театр 7 ноябри соли 1929 таъсис шудааст ва Рӯзи театр низ дар Тоҷикистон дар ҳамиин рӯз таҷлил мешавад. Шореҳи АМИТ «Ховар» Хуршеди ХОВАР ба ин муносибат бо ҳунарпешаи театр ва кино, директори Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Лутфулло ДАВЛАТЗОДА ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Нахуст шумо ва аҳли ҳунармандони Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ва дар симои шумо тамоми ҳунармандони ҷумҳуриро ба муносибати ин рӯзи саид самимона табрик мегӯям. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик дар ҳоле сурат мегирад, ки аҳли Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ахиран сафаре ба шаҳрҳои Самарқанду Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дошт. Ин сафар бо чӣ натиҷаҳо анҷомид?

Лутфулло Давлатзода:  Бисёр ба маврид суол шуд. Мо муддати 20 сол ва аз ин зиёд ба кишвари ҳамсояамон сафари ҳунарӣ надоштем. Ба ин хотир аҳли театр ташнаи ин сафар буд, то тавонанд бо ҳамтоёни худ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ошно шаванд ва табодули фарҳангӣ ба роҳ монанд. Ин буд, ки бо ташаббуси Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шамсиддин Орумбекзода ва муовини аввали он кас — Ибодулло Машрабов мо ба Ӯзбекистон сафар кардем. Ҳадаф дидорбинӣ ва роҳкушоӣ барои аҳли театр буд, чун чанде пеш театри Тошканд ба Душанбе омада буд ва мо низ ба он ҷо сафар кардем. Мардуми ин давлатҳо ташнаи дидори ҳамдигаранд. Ҳангоме ки дар он ҷо сухан мекардам ва як  — ду суруд ҳам хондам, дидам, ки ашки чашми пиронсолон мерехт. Моро нағз истиқбол карданд, хуб мизбонӣ намуданд ва мо ҳам бо таассуроти хубе ба Ватан баргаштем.

АМИТ «Ховар»: Армуғони шумо ба мардуми ӯзбек чӣ буд?

Лутфулло Давлатзода: Чун сафар тариқи мошин буд, мо кӯшиш кардем, ки ҷавононро ба ин ҳайат шомил кунем. Чун роҳи зиёдеро бояд тай кард. Мо аз Душанбе ба Панҷакент ва аз Панҷакент ба Самарқанд сафар намудем. Он гуна, ки гуфтам, истиқбол дар сатҳи хеле олӣ буд. Мо намоиши «Ҷиноят ва ҷазо»-и драматург Зошенкоро  пешниҳоди тамошобини ӯзбек кардем. Онҳо хуб пазируфтанд ва барояшон писанд омад. Мо намоишро танҳо ду дафъа- як маротиба дар Самарқанд ва як маротиба дар Бухоро намоиш додем.

Албатта ин сафар роҳро барои театри мо боз кард. Ҳатто ба ин хулоса расидем, ки минбаъд намоишҳои ҷиддитар таҳия карда, ба сафар бароем.  Чун дар Ӯзбекистон гуфтугӯҳо доштем ва оянда сафарҳо зиёд мешаванд.

АМИТ «Ховар»:   Иди касбии театри тоҷик ба сарнавишти Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи А. Лоҳутӣ сахт алоқаманд аст. Зеро Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ нахустин театри тоҷик аст, ки 7 ноябри сол 1929 таъсис ёфтааст. Имрӯз ин театр дар чӣ вазъияте қарор дорад?

Лутфулло Давлатзода: Театр побарҷост ва фаъолияти он беҳтар аст. Тамошобинон низ ба тамошои спектаклҳои мо зиёд меоянд. Дар театри мо устодони саҳна кор мекунанд, мисли Турахон Аҳмадхонов, Марям Исоева, Носир Ҳасанов, Ҳошим Гадоев, Исо Абдурашидов ва ғайра… Мо ифтихор мекунем, ки ин гуна ҳунармандон ҳамроҳи мо ҳастанд.

АМИТ «Ховар»: Ҳузури ҷавонон дар театр чӣ гуна аст? Аз ин ҷавонон нафароне ҳастанд, ки ба «устодӣ» расида бошанд?

Лутфулло Давлатзода: Ҳамеша дар ҳама давру замон бори сангни театрро ҷавонон мекашанд. Дар Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи А. Лоҳутӣ низ ҷавонон ин масъулиятро бар дӯш доранд. Чун дар театр як гурӯҳи хуби ҷавонон ҷамъ шудаанд ва онҳо хеле сермаҳсул буда, ба театр ва касби худ алоқаи хуб доранд.

Дар театри мо дар канори пирони саҳна, Ортиқ Қодиров, Муҳаммадҷон Шодиев, Қурбони Собир, Дилбар Умарова, Соро Сабзалиева ва даҳҳои дигар  фаолият мекунанд, ки аллакай ба сатҳи «устодӣ» расидаанд. Ман аз мухлисон ва тамошобинон хоҳиш дорам, ки ба театр ҳар чӣ бештар таваҷҷуҳ кунанд. Ҳар қадар ба театр таваҷҷуҳ шавад, ҳамон қадар фарҳанг ва маънавиёт рушд мекунад. Бигзор аз одами одӣ то раҳбари корхонаву муассиса ба театр таваҷҷуҳ кунад. Онҳо метавонанд рӯзҳои истироҳат ҳамроҳи хонавода ба театр биоянд. Дар тамоми кишварҳо ин гуна анъана аст. Дар театри мо барои ин шароит ҳаст. Билети намоишҳо низ он қадар қимат нест. Аз 5 то 10 сомонӣ арзиш дорад, ки пули ночиз аст. Театр минбари баланд аст ва бояд, ки ин ҳифз шавад. Ҳатто ба гӯши худам шунидам, ки бисёриҳое, ки ба театр меоянд, ба якдигар мегӯянд, ки театр ҷои хубе будааст. Аз ин бармеояд, ки бештари мардуми мо театрро намедонанд. Боварӣ дорам, ки агар як бор худашон ба ин ҷо оянд, дафъаи дигар хонавода ва фарзандонашонро меоранд.

АМИТ «Ховар»:  Шумо то таъйин шудан ба вазифаи директори Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ҳунарманди театр низ будед. Намоиши «Ҷияни хира» ҳеҷ аз ёди тамошобин намеравад…

Лутфулло Давлатзода: Ман дар Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи А. Лоҳутӣ аз соли 1981 боз кор мекунам. Муддати 22 сол фаъолият кардам ва баъдан ба телевизион ба кор гузаштам. Он ҷо 15 сол кор кардам. Чун он замон телевизион якто буд, масъулият бештар буд. Корҳои зиёдеро анҷом додем. Баъдан дар ТВ “Баҳористон” кор кардам ва сипас дар Телевизиони «Сафина» дар мақоми директор фаъолият кардам.

Мардуми тоҷик табиатан ханда ва ҳаҷвро бениҳоят дӯст медорад. Шодӣ Солеҳ пйессаи “Ҷияни хира” –ро навишт ва ман дар нақши “ҷияни хира” нақш офаридам. Ин намоиш тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва ҳатто Самарқандро низ давр зад. То имрӯз устодони ҳаҷву ханда аз ин намоиш ёд мекунанд.

АМИТ «Ховар»: Чӣ бояд кард, то тамошобинон бештар ба театр ҷалб шаванд?

Лутфулло Давлатзода: Се сол аст, ки дар Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи А. Лоҳутӣ директорам. Аз рӯзҳои аввал мо сафар ба минтақаҳоро ба роҳ мондем. Ин гуна сафарҳои ҳунарӣ ва наздик кардани театр ба мардум метавонад театрро сертамошобин кунад. Чун бештари мардум дар музофот ташнаи театру ҳунарманданд.

АМИТ «Ховар»: Шумо овозхонӣ ҳам мекардед. Аммо солҳои охир садоятонро камтар  мешунавем…

Лутфулло Давлатзода: Шояд ҳавсалаамон пир шудааст. Оре, он замон ҷавонтар будем ва овозхонӣ мекардем…

Ҳоло даври истиқлолият аст. Роҳбари давлатамон- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ марди фарҳангиянд ва таваҷҷуҳашон ба фарҳангу театру кино зиёд аст. Он кас мехоҳанд дастовардҳо бошанд, фарҳангу маънавиёт рушд кунанд. Ҳоло «Тоҷифилм» ҳамчун як муасиссаи давлатӣ ба таври алоҳида фаъолият мекунад. Ман акнун мехоҳам филмҳои хуб ба навор гирифта шаванд ва мо, ҳунармандон дар ин филмҳо нақш офарем. Санъаткор чӣ имконияте дорад, ҳатман кор мекунад, зеро ҳунарманд  пир намешавад.

Дар ҷодаи овозхонӣ аз соли 1993 фаъолият дошта, суруд эҷод мекунам. Як албом ҳам дорам. Ҳоло 60 – сола шудам, мехоҳам як филм ё барномаи мукаммале дар бораи худам омода созам. Барои ин кор ҳатто як ду суруди нав низ таҳия дорам ва онҳоро ҳатман мехонам.

АМИТ «Ховар»: Бароятон муваффақият мехоҳем ва ҷашни театри тоҷикро бори дигар шодбош мегӯем.

                             Хуршеди ХОВАР,
АМИТ «Ховар»