Сомонаи пешина | Яш, 18 Ноябр 2018 | 05:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Конститутсия - ҳомии давлату ҷомеа

5 ноябри соли 2018 бахшида ба 24 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни пурифтихори дар пеш истодаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори машваратии Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб” конференсияи адабӣ таҳти унвони «Конститутсия – аз мардум ва барои мардум» бо гурӯҳи васеъи хонандагон баргузор гардид.

Пеш аз ифтитоҳи чорабинӣ меҳмонон аз намоиши расмдори китобӣ дар мавзӯи “Конститутсия-кафолатномаи зиндагии шоиста” дидан намуданд. Дар намоиш асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамагӣ таҷассумгари таърихи халқи тоҷик дар роҳи ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ буда, ҷомеаи моро ба сӯи бунёдкорию созандагӣ даъват намуда, ҷавонони имрӯзаро дар рӯҳияи баланди худшиносию худогаҳии миллӣ тарбия менамоянд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ корманди китобхона Садбарг Файзова ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки ҳар як давлат ба хотири пойдории хеш аз арзишҳои миллиаш баҳраманд аст. Марзи муайян, забон, Парчам, Суруди миллӣ, асъори миллӣ ва Конститутсия аз ҷумлаи ҳамин гуна арзишҳоеанд, ки бақои миллатро муайян мекунанд.

Дар рафти конфронс хонандагон бо қироати шеър, базму суруд хотири ҳозиринро шод намуданд. Дар охир муовини директори китобхона Саодат Абдуллоева бо сухани хотимавӣ ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшида, хонандагони фаъолро бо тӯҳфаҳои хотиравии Китобхона сарфароз гардонид.


Оқилова Заррина,
сардори шуъбаи методӣ – библиографӣ
Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии
вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб»