Сомонаи пешина | Яш, 18 Ноябр 2018 | 05:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили 24-умин солгарди Конститутсия дар коллеҷи санъат

 

6 ноябри соли 2018 дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А.Бобоқулов” бахшида ба 24-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили сиёсию фарҳангӣ баргузор гардид.

Сараввал роҳбари коллеҷ Баҳодур Давлатзода ҳозиринро ба 24-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Омӯзгорони муассиса оид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза ироа намуданд.

Ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷ баъди маърузаҳо музокира ороста, оид ба аҳамияти ин санади тақдирсоз дар ҳаёти шаҳрвандон ва давлат андешаҳои худро иброз доштанд. 

Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар сатҳи баланд гузаронида шуд.