Сомонаи пешина | Яш, 18 Ноябр 2018 | 05:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

VІІ Фестивали байналмилалии театрӣ дар Қазоқистон

 

Аз 30 октябр то 6 ноябри соли 2018 дар шаҳри Талдирқӯрғони Ҷумҳурии Қазоқистон VІІ Фестивали байналмилалии театрии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Ҷашнвора ба 20-солагии шаҳри Остона ва 120-солаии арбоби шинохтаи халқи қазоқ Темирбек Жургенов бахшида шуда буд. 
Дар фестивал гурӯҳҳои театрӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Россия ва Аврупо иштирок намуданд.

Нависанда, драматург ва тарҷумони тоҷик Абдуҷаббор Абдуғаффоров дар ҷашнвораи мазкур чун аъзои ҳакамон ширкат варзид.