Сомонаи пешина | Яш, 18 Ноябр 2018 | 05:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ғолибияти ҳунарпешаи сирки тоҷик дар Фестивали байналмилалӣ

 

Дар ҷашнвора ҳунарпешаҳои сирк аз Амрико, Колумбия, Шветсария, Италия, Украина, Россия, Беларус, Латвия, Қазоқистон ва дигар кишварҳо иштирок намуданд.

Тоҷикистонро дар ҷашнвораи мазкур эквилибрист Муҳаммад Шарифзода намояндагӣ намуда, дар байни 80 иштирокчии фестивал ба гирифтани ҷои аввал сазовор гардид.

Инчунин сиркбозони Москва ба ҳунарнамоии Муҳаммад Шарифзода баҳои баланд дода, ба ӯ тӯҳфаи махсуси худро супориданд. 
Боиси зикр аст, ки дар Фестивали мазкур директори Сирки давлатии Тоҷикистон Ашӯр Раҷабов ба ҳайси аъзои ҳакамон иштирок намуд.