Сомонаи пешина | Яш, 18 Ноябр 2018 | 05:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи театр ва 80-солагии Театри Кӯлоб

8 ноябри соли 2018 соати 16:00 дар Театри вилоятии мазҳака-мусиқии ба номи Сайидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи театри тоҷик ва 80-солагии театри мазкур чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор мегардад.

Ба меҳмонони чорабинӣ дар саҳни театр порчаҳо аз намоишҳое, ки дар давоми сол аз ҷониби ҳунарпешаҳои театр таҳия гардида буданд, аз ҷумла намоиши «Туй дар хуррамдара» ки ба Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шудааст, манзур мегарданд. Гурӯҳҳои рақсӣ бо иҷрои рақсҳои мардуми Хатлон, Суғд ва Бадахшон чорабиниро боз ҳам рангинтар месозанд.

Сипас, дар толори театр намоиши «Баҳори ваҳдат», ки аз рӯи асари Ҷумъа Қуддус бо коргардонии Раҳмоналӣ Одинаев таҳия гардидааст, пешниҳоди бинандагон карда мешавад. Асари мазкур дар бораи корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат барои муттаҳидсозии халқи тоҷик ва барқарории сулҳу Ваҳдати миллӣ нақл мекунад.