Сомонаи пешина | Яш, 18 Ноябр 2018 | 05:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Табрикоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба муносибати Рӯзи Конститутсия ба аҳли ҳунар, санъат ва фарҳанги кишвар

Ҳамкасбони гиромиқадр!

Ҷашни мубораку муқаддасро, ки ҳамасола 6 ноябр дар саросари диёри маҳбуби мо чун Рӯзи Конститутсия - қонуни сарнавиштсози миллат бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад, барои тамоми аҳли ҳунар ва фарҳангу санъат шодбош мегӯям. 

Ҳамагон дар хотир дорем, ки 6 ноябри соли 1994 бо азму ирода ва диди тозаи халқи тоҷик ба тамаддуни муосир Конститутсияи давлати мустақили озоду адолатпарвари Тоҷикистон қабул гардид, ки он ифодакунандаи орзуву омоли ҳар фарди кишвар буд. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва чун шиносномаи миллату давлати Тоҷикистон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.

Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳнамоии сарвари дурандеш ва оқилу адолатпарвари кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷум¬ҳу¬рии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таҳия ва қабули Кон¬ститутсияи кишвар саҳми бузург доранд, нақши ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқиро дар рушду таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд муҳиму назар¬рас маънидод намуда, чунин иброз доштаанд: «Баъд аз қабули Конститутсия дар кишвар ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро ба танзим даровард ва барои суботи конститусионӣ заминаи мустақим фароҳам овард».

Мо басо ифтихормандем, ки конститутсияи мо манфиатҳои олии миллат, анъанаҳои пурғановати таърихию фарҳангии халқамонро таҷассум намуда, кафили таъмини адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа мебошад.

Бо ҳисси ифтихор аҳли хунар, фарҳанг ва санъатро бо Рӯзи Конститутсия табрик гуфта, ба ҳамаи шумо ва аҳли хонадонатон табъи хушу хотири ҷамъ, саодати рўзгор ва комёбиҳои касбӣ барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлолро таманно менамоям.