Сомонаи пешина | Яш, 18 Ноябр 2018 | 05:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Табрикоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба муносибати Рӯзи Театри тоҷик

 

 

Муҳтарам аҳли санъат ва фарҳанг!

Ҳунарпешаҳои гиромӣ,

Муҳтарам ҳаводорон ва мухлисони санъати театрӣ!

Бо арзи эҳтиром, ҳамаи Шуморо бо иди касбии кормандони театр – Рӯзи театри тоҷик, ки ҳамасола дар кишвари азизамон 7 ноябр ҷашн гирифта мешавад, муборакбод мегӯям. 

Боиси ифтихори аҳли фарҳанг аст, ки имрӯз дар кишвари мо санъати театрӣ рӯз то рӯз рушд мекунад. Аҳли театри тоҷик бо намоишҳои рангину баландмазмуни худ на танҳо қалби ҳазорон бинандагони ватаниро тасхир менамоянд, балки дар саҳнаҳои бузургтарин театрҳои дигар кишварҳои ҷаҳон бо забони ноби тоҷикӣ баромад намуда, обрӯю нуфузии санъати тоҷикро боло мебардоранд ва ба таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни давлатҳо мусоидат менамоянд. 

Театр дар тамоми давру замонҳо таҷассумгари ҳуввият ва ормонҳои миллӣ аст. Ҳунарпешаҳо, коргардону драматургҳо арзишҳои волои маънавии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд ва ҳамчун сарвати бебаҳо барои наслҳои оянда ба мерос мегузорад. Ҳайати эҷодии театрҳо, ки пайваста дар сафи пеши тарғибу ташвиқ ва густариши маърифату завқи баланди мардум қарор доранд, тавассути намоишҳо масъалаҳои нав ва мубрами ҳаётро мавриди баррасии ҷомеа қарор медиҳанд. Ин имкон медиҳад, ки инсоният ба мушкилот ва камбудиву норасоиҳои рӯзгор аз ҷониби дигар нигоҳ афканад ва барои ҳалли онҳо кӯшиш ба харҷ диҳад. 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунар, хоса ба санъати театрӣ баҳои баланд дода, қайд намудаанд: «Театр ва дар маҷмӯъ фарҳанг дар ҳама давру замон таҷассумгари ҳувияти миллист. Маҳз фарҳанг, забон ва анъанаву суннатҳои нек асолати миллиро пойдору устувор нигоҳ медоранд».

Дар нӯҳ моҳи соли 2018 дар 18 театри касбии кишвар 47 асари нав саҳнавӣ гардида, баргузории Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ба ҷашнвораи ҳaқиқии аҳли театр табдил ёфт. Ин имкон медиҳанд, ки кормандони ин соҳа аз бурду бохти ҳамдигар омӯзанд ва санъати театрии халқи азизамонро ба ҳамкасбони хориҷии худ муаррифӣ намоянд.

Тамоми кормандони соҳа, собиқадорон ва парчамбардорони театри тоҷикро бо иди касбӣ – Рӯзи театри тоҷик шодбош гуфта, бахту иқболи нек, осмони соф, саодати хонаводагӣ, комёбиҳо ва эҷодиёти тозаро таманно менамоям. 

Иди касбӣ муборак!