Сомонаи пешина | Яш, 18 Ноябр 2018 | 05:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи театри тоҷик

 

7 ноябри соли 2018 соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Рӯзи театри тоҷик ва 80-солагии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Лауреати мукофоти давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, композитор Фаттоҳ Одина таҷлил карда мешавад.

Дар чорабинӣ театрҳои шаҳри Душанбе бо порчаҳо аз намоишномаҳо ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.