Сомонаи пешина | Яш, 18 Ноябр 2018 | 05:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба гиромидошти хотири композитор Арам Хачатурян

Аз 24 то 30 октябри соли 2018 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон бахшида ба 115-солагии композитори маъруфи ҷаҳон, яке аз асосгузорони равияи нави мактаби композитории тоҷик, Хунарманди халқии Иттифоҳоди Шӯравӣ Арам Илич Хачатурян Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Арам Хачатурян ва ҷахони муосир» баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш ба ҳайси меҳмони фахрӣ Тоҷикистонро яке аз шогирдони Арам Хачатурян, аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, Арбоби Ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, композитор, профессор Қудратулло Яҳёев муаррифӣ намуд.

Қудратулло Яҳёев ҳамоиши байналмилалӣ бо маърӯза дар мавзӯи «Саҳми Арам Хачатурян ва дигар композиторони Арманистон дар рушди мактаби композитории тоҷик» баромад намуда, оид ба робитаҳои байналмилалии эҷодӣ сухан гуфт ва иштирокдорони ҳамоишро бо жанрҳои гуногуни мусиқии суннатӣ ва касбии тоҷик, инчунин осори композиторони муосири тоҷик шинос намуд.