Сомонаи пешина | Яш, 18 Ноябр 2018 | 05:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Театри давлатии мусиқӣ- драмавии ӯзбекии ноҳияи Спитамен намоиши нави «Ситораи танҳо»-ро манзури тамошобинон мегардонад

 

«Ситораи танҳо»  намоиши навест, ки  ҳунармандони Театри давлатии мусиқӣ- драмавии ӯзбекии ба номи Шукур Бурҳонови ноҳияи Спитамен ният доранд 7 ноябр дар Рӯзи театри  тоҷик манзури тамошобинон гардонанд. 

Намоиш аз рӯи асари драматург Нурулло Аббосхон буда, ба саҳнагузоранда саркоргардони театр Тоҳир Маликов ва саррассом Дадоҷон Маҳкамов мебошанд. Дар намоиши мазкур 8 нафар актёрони театр нақш мебозанд. Мавзӯи асосии намоиш- ин инъикоси мушкилоти зиндагии чор нафар занони танҳоест, ки дар дарёфти маблағ ва пешбурди зиндагии оилаашон ба муаммоҳои зиёде дучор мешаванд. Ҳамзамон паҳлуи дигари намоиш аз рӯзгори як нафар марди танҳо ва беэътибории ҳамсару фарзандон нисбат ба  ӯ нақл мекунад.

Бояд гуфт, ки Муассисаи давлатии Театри давлатии мусиқӣ- драмавии ӯзбекии ба номи Шукур Бурҳонови ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дар миқёси ҷумҳурӣ ягона театри ӯзбекзабон ба ҳисоб рафта, соли оянда ба таъсиси он 85 сол пур мешавад. Дар ин замина, вобаста ба паҳлуҳои фаъолият, мушкилот ва пешбурду нақшаҳо директори театри мазкур Абдуҷаббор НУРАЛИЕВ зимни суҳбат бо хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» андешаҳои худро чунин баён дошт:

— Вобаста ба таърих ва фаъолияти театр бояд зикр кард, ки соли 2019 Муассисаи давлатии Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ӯзбекии ба номи Шукур Бурҳонови ноҳияи Спитамен 85-сола мешавад. Театр соли 1934 бо ибтикори як шахси санъатдӯст, ҳофизи номвар Ғанӣ-қорӣ ташкил гардида, солҳои минбаъда дар пешбурди он нафарони зерин, чун  Мирзо Пардаев, Усмонҷон Сиддиқов, Исмоил Бобоев, Бердимурод Турдимуродов, Аҳмадҷон Салимов, Пулодҷон Элмуродов, Тоҷиниссо Ниёзова, Мунаввара Қосимохунова саҳми арзанда гузоштаанд. Нисфи ин ҳунармандону санъаткорон аз  театрҳои Ӯзбекистон буданд, ки солҳои аввали ташкили театр баҳри рушди ин санъати зебо ба ин боргоҳи ҳунар омада, фаъолият бурдаанд.

Имрӯз ҳайати театр аз 44 нафар кормандони эҷодиву техникӣ иборат буда, аз 12 нафар актёрон 5 нафарашро занон ташкил медиҳанд. Синни бештари кормандон миёна буда, 6 нафарашон ҷавонанд.

Ҳунармандони театр давоми сол 3-4 намоиш омода менамоянд.

Ҳоло дар назди театр ансамбли рақсӣ, иборат аз 25 нафар наврасон бо роҳбарии мутахассиси ҷавон Анора Абдураҳмонова ва ансамбли ҳофизон-мақомхонон бо теъдоди 8 нафар хатмкунандагони мактаби санъати шаҳри Хуҷанд фаъолият дошта, онҳо иштирокчии фаъоли бештари чорабиниҳои ноҳиявӣ мебошанд.

Бояд гуфт, ки ҳамзамон дар назди театр баъзе мушкилот  ҷой доранд.

Аз ҷумла, имрӯз театр ба актёрони касбии ӯзбекзабон ниёзи бештар дорад. Зеро аз сабаби ноҳияи ӯзбекнишин будан ҳамаи спектаклҳо бо забони ӯзбекӣ ба саҳна гузошта мешаванд. Инчунин бо сабаби дар театр набудани саррассом имрӯз ин вазифаро собиқадори театр Дадоҷон Маҳкамов ба уҳда дорад. Устод ҳарчанд ба нафақа баромада бошанду синнашон ба 69 расида бошад ҳам, вале саҳми он кас дар пешбурд ва ба саҳна гузоштани намоишҳо хеле назаррас аст. Мушкилии дигаре, ки пеши театр истодааст- ин набудани саркоргардон мебошад. Имрӯз масъулияти ин вазифа бар дӯши боз як собиқадори соҳа, актёри касбӣ Тоҳир Маликов, ки ба синни 61 расидааст, вогузор гардидааст.  Ҳамчунин долони тетр низ ба таъмири ҷорӣ ниёз дорад.

Бояд гуфт, ки яке аз сабабҳои асосии нарасидани кадрҳои касбӣ дар театр- ин майл надоштани ҷавонон ба ин соҳа ва кам будани маоши вазифавӣ мебошад. То имрӯз чанд нафар аз кормандони ҷавонтари театр касбашонро дигар карданд. Ин ҳолати театрро дида, баъзе  намояндагони расонаҳои ахбори омма фаъолияти театрро манфӣ арзёбӣ намуда, барғалат навиштаанд, ки гӯё беш аз нисфи кормандони театр шахсони ба нафақа баромада бошанд, ки ин куллан нодуруст аст.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуда, барои беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳли ҳунар тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.

Дар ин замина, аҳли кормандони театри ба номи Шукур Бурҳонови ноҳияи Спитамен низ ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат кӯшиш доранд бо ба саҳна гузоштани намоишҳои инъикоскунандаи доғи рӯз дар самти тарбияи насли наврас ва тарғиби ҳаёти солим саҳм гузоранд.

Аз ин лиҳоз, аҳли театр имрӯз паи ҷустуҷӯ ва ҷалби ҷавонони соҳибистеъдод мебошанд. Аз ҷумла, зикр бояд кард, ки ба наздикӣ ба театр чор нафар ҷавонон, хатмкардагони Мактаби санъати маркази вилоят ба кор қабул карда шуданд. Чанд рӯз қабл бо иштироки онҳо як намоиши нав ба саҳна гузошта шуд, ки писанди тамошобинон ва соҳиби баҳои баланд гардид.

Намоиши нав  “Азроил ҳаммолӣ” (“Ҳаммоли Азроил”) ном дошта, бо ибтикори аҳли театр дар ҳамдастӣ бо шуъбаи фарҳанги ноҳия аз рӯи асари драматург Урунбой Усмонов ба саҳна гузошта шуд. Он ба масъалаи доғи рӯз- мубориза бар зидди нашъамандӣ ва терроризм равона гардидааст. Роҳбарияти театр ният доранд, ки соли оянда ин намоишро мукаммалтар карда, ба Фестивали ҷумҳуриявии “Парасту” манзур намоянд.

Дар айни замон ду нафар зодагони ноҳияи Спитамен, хатмкардагони Мактаби санъати шаҳри Хуҷанд Тоҳир Қозибоев ва Барно Баракаева бо тавсияи маъмурияти театр дар шаҳри Душанбе  дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода таҳсил дошта, баъди хатм ба театри мазкур ба кор меоянд. Аҳли театр умед доранд, ки давоми чанд соли наздик масъалаи норасоии кадрҳо ҳалли худро меёбад.

Ғайр аз ин имрӯз маъмурияти театр баҳри дарёфти чеҳра ва истеъдодҳои нав аз ҷумлаи наврасони ӯзбекзабон ва дар оянда ба Донишгоҳи театрии шаҳри Тошканд равон намудани онҳо барои таҳсил аз 20 ноябр дар се давр миёни хонандагони синфҳои 9 ва 11-и мактабҳои миёнаи ноҳия бо номи “Истеъдодҳои наврас” озмун баргузор менамояд.

Ҳамчунин баҳри ҳамкорӣ  ва ивази таҷриба маъмурияти театр азм дорад бо маъмурияти Театри давлатии мусиқии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба номи Муқимӣ ва Театри драмавӣ-мусиқии шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи Бобур шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонад. Бо ин мақсад чанде пеш намояндагони  театрҳои мазкур аз ин боргоҳи ҳунар дидан намуда буданд.

Ба иттилои директори театр Абдуҷаббор Нуралиев, маъмурият нақша дорад, ки ба ифтихори 85-солагии театр осорхона ва бо ҷалби собиқадороне, ки дар рушди ин санъати муҳим саҳми босазо гузоштаанд, ансамбли фолклорӣ таъсис диҳад.

Абдуаҳад ШАРИФЗОДА,
 АМИТ «Ховар»