Сомонаи пешина | Яш, 18 Ноябр 2018 | 05:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Вазорати фарҳанг конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо» баргузор гардид

31 октябри соли 2018 дар Вазорати фарҳанг конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо» баргузор гардид.

Чорабинӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, дар он намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Осорхонаи миллӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, донишгоҳҳои олӣ, осорхонаҳо ва расонаҳои хабарӣ иштирок намуданд. 

Конфронс бо сухани ифтитоҳии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода шуруъ гардид. Вазири фарҳанг оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун як рукни фарҳанг дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, чораҳои амалигардидаистодаи ҳукумати кишвар барои густариши ин соҳаи ҳаёт ва тарғиби ҳунармандӣ сухан ронд. 

Сипас Раиси кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода, Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода ва Раиси иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон Муфарраҳ Муҳаббатов бо нутқи шодбошӣ андешаҳои худро оид ба мавзӯи конфронс ва аҳамияти он изҳор доштанд. 

Дар чорабинӣ масъалаҳои гуногуни вобаста ба мавзӯъ, яз ҷумла «Ҳунарҳои мардумӣ ва тарғибгари фарҳанги миллӣ», «Ҳунарҳои мардумӣ ва рушди сайёҳӣ», «Катибадӯзии тоҷикон», «Наққошии миллии тоҷикӣ ва раванди инкишофи он» баррасӣ гардиданд.