Сомонаи пешина | Дш, 22 Октябр 2018 | 12:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Фестивали байналмиллалии «Чакан»

 

13-14 октябри соли 2018 аз соати 10:00 то 18:00 дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» фестивали байналмиллалии «Чакан» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти дастии ҳунармандон ташкил карда мешаванд.

Фестивали мазкур бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида мешавад.

Дар Фестивал зиёда аз 100 нафар ҳунармандон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва як зумра кишварҳои хориҷӣ ширкат менамоянд.

Дар ин рӯзҳо шаҳрвандону меҳмонон ва сайёҳон имкони харидории маҳсули дасти ҳунармандони дохилию хориҷиро доранд.