Сомонаи пешина | Дш, 22 Октябр 2018 | 12:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Меҳргон ҷашни фаровонист

 

13 октябри соли 2018 дар Боғи навбунёди фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Оғози барномаҳои идона соати 09:00 пешбинӣ шудааст. Сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе метавонанд, ки он рӯз аз баргузории барномаҳои фарҳангӣ бо устодони санъати тоҷик ва ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзиии тамоми вилоятҳои кишвар баҳравар гарданд.