«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон
9 октябри соли 2018 дар ноҳияи Рӯдакӣ Рӯзи фалак ба таври хотирмон таҷлил гардид.
Чорабиниҳои идона бахшида ба Рӯзи фалак дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ташаббуси маъмурият ва омӯзгорону донишҷӯён Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов сурат гирифт.
Дар ифтитоҳи барномаи ҳунарӣ директори муассисаи таълимии номбурда Идрис Оқилов аҳли толорро бо Рӯзи фалак табри гуфта, фалаксароиро як навъ санъати нотакрори мардуми соҳибтамаддуну соҳибфарҳанги тоҷик арзёбӣ кард.
Баъдан, барномаи идонаи консертӣ оғоз ёфт, ки дар рафти он донишҷӯён ва устодони Коллеҷи фарҳанг бо завқи баланд фалаксароӣ намуда аҳли толорро фараҳманду хушҳол намуданд. Ба лаёқату истеъдоди навозандагони асбоҳои миллӣ дӯстдорони суруду мусиқӣ кафкӯбиҳои бардавом заданд. Қироати шеърҳо аз ҷониби донишҷӯёни шӯъбаи рӯзноманигории ин боргоҳи илму ҳунар ба чорабинӣ ҳусни иловагӣ зам намуд.
Миралӣ Воҳидов