Сомонаи пешина | Чш, 19 Декабр 2018 | 05:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи Фалак дар Коллеҷи санъат

 

 

9 октябри соли 2018 дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А.Бобоқулов” бахшида ба Рӯзи Фалак барномаи консертӣ баргузор гардид.

Сараввал роҳбари муассиса Баҳодур Давлатзода Д ҳозиринро бо Рӯзи Фалак табрик гуфта, оид ба таърихи фалак ва мавқеи он дар мусиқии анъанавии халқи тоҷик сухан ронд.

Сипас аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯёни шуъбаи “Сурудхонӣ” (анъанавӣ) барномаи хуби консертӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.