Сомонаи пешина | Чш, 19 Декабр 2018 | 05:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Идомаи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия дар шаҳри Санкт-Петербург

 

Шоми 8 октябри соли 2018 дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар толори Театри калони драмавии ба номи Г.А. Товстоногови шаҳри Санкт-Петербург барномаи мутантани консертии устодони ҳунар ва санъаткорони ҷавони тоҷик доир гардид.

Барномаи консертӣ аз ҷониби сокинон ва меҳмонони шаҳри Санкт-Петербург бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол гардид. Хусусан «Рақси гулҳо» ва «Чоргоҳи чор» дар иҷрои гулдухтарони Ансамбли давлатии рақсии хизматнишондодаи ба номи Ғаффор Валаматзода «Лола», сурудҳои «Гуфт, ки ҳар ду» дар иҷрои Таҳмина Ниёзова ва «Я встретил девушку» дар иҷрои Зафар Абдуалимов писанди тамошобинон гардиданд. 

Боиси зикр аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо мақсади таҳкими бештари робитаҳои фарҳангии ду кишвар ва муаррифии санъату ҳунари халқи тоҷик дар Россия аз 6 то 10 октябр баргузор мегардад. 

Ҳайати расмии Рӯзҳоро муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Ибодулло Машраб дар ӯҳда дошта, ба ҳайати эҷодӣ инчунин ҳунарпешаҳои шинохтаи Тоҷикистон мисли Давлатманд Холов, Адҳам Холиқов, Шарофат Усмонова, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Хуршед Иброҳимзода, Манучеҳр Раҳмонов, Соҳибназар Аловатов, Амирҷон Рӯзиев, Александр Тагиров шомиланд.

Акс аз сомонаи Sputnik