Сомонаи пешина | Чш, 19 Декабр 2018 | 05:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Давҳа

 

7 октябри соли 2018 дар шаҳри Давҳа – пойтахти Давлати Қатар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии пуршукӯҳи фарҳангию идонаро ба муносибати таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» танзим намуд.

Дар ин чорабинӣ Вазири фарҳанг ва варзиши Давлати Қатар СолеҳҒоним ал-Алӣ, Муовини вазири корҳои хориҷии Қатар доктор Аҳмад ал-Ҳамодӣ, кормандони аршади вазоратҳо ва сохторҳои давлатии Қатар, сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони ҷомеа, доираҳои соҳибкор, васоити ахбори омма ва ҳамватанони муқими Қатар ҳузур доштанд. 

Дар рафти ҳамоиши идона филмҳои мустанад оид ба талошҳо ва дастовардҳои таърихии мардуми тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи тақвияти асосҳои давлати миллӣ, татбиқи се ҳадафи стратегии кишвар, таъмини рушди босубот ва баланд бардоштани некуаҳволии шаҳрвандони Тоҷикистон намоиш дода шуданд.

Меҳмонон ҳамчунин аз Намоишгоҳи аксҳо бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон» дидан намуданд. Эҷодиёти аккоси маъруф вачирадасти тоҷик Шуҳратҷон Ёров гӯшаҳо ва мавзеъҳои ҷаззоби сайёҳиву таърихӣ, табиати ҷолибу нотакрор, сарзамини сабзу шодоби Тоҷикистон, фарҳанги нодиру асил, урфу одатҳои миллӣ ва мероси ғании ҳунарҳои мардумии тоҷикро ба меҳмонон ошно намуд. 

Ба чорабинии идона садои рӯҳбахши оҳангҳои классикӣ ва таронаҳои мардумӣ дар иҷрои ҳунармандони гурӯҳи “Дилнавоз” таҳти раҳбарии Содирхон Убайдуллоев ҳусну шаҳомати хосса бахшид. Консерти идонаро Сафорат дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим кард.