Сомонаи пешина | Чш, 19 Декабр 2018 | 05:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия

Шоми 7 октябри соли 2018 дар саҳнаи нави Театри калони академии Россия дар шаҳри Москва ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия сурат гирифт.

Муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб, ки роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳо аст, ба барномаи консертӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои зичи ду кишвар, ки солҳои охир босуръат рушд мекунад, ҳарф зад.

Сипас, барномаи ҷолиби ҳунарӣ бо иштироки ҳунарпешагони номдори тоҷик ва беҳтарин ансамблҳои рақсӣ манзури аҳли толор гардид. Ба ҳайати эҷодии Рӯзҳо ҳунарпешаҳои шинохтаи Тоҷикистон мисли Давлатманд Холов, Адҳам Холиқов, Шарофат Усмонова, Таҳмина Ниёзова, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Хуршед Иброҳимзода, Зафар Абдуалимов, Манучеҳр Раҳмонов, Соҳибназар Аловатов, Амирҷон Рӯзиев, Александр Тагиров, инчунин Ансамбли давлатии рақсии хизматнишондодаи ба номи Ғаффор Валаматзода «Лола» ва Ансамбли рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев «Парасту» шомиланд.

Шоми рӯзи 8 октябри соли 2018 барномаи ҷолиби консертӣ дар толори Театри Калони Драмавии ба номи Г.А. Товстоногови шаҳри Санкт-Петербург доир мегардад. 

Дар барномаи Рӯзҳо инчунин намоиши мусаввараҳои рассомони Тоҷикистон, намоиши аккосии «Тоҷикистони муосир», намоиши китобҳои тозанашр ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ва муаррифии асарҳои як зумра адибони тоҷик ба забони русӣ низ ҷой доранд. 

Боиси зикр аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия бо мақсади таҳкими бештари робитаҳои фарҳангии ду кишвар ва муаррифии санъату ҳунари халқи тоҷик ба мардуми рус гузаронида шуда, дар давоми 13 соли охир бори чаҳорум баргузор мешаванд.

Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар аксари расонаҳои хабарии Россия ва дигар кишварҳо инъикос гардида, аз ҷониби тамошобинон ва хонандагон баҳои баланд гирифт.


Аксҳо аз сомонаи Sputnik

.