Сомонаи пешина | Чш, 19 Декабр 2018 | 05:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Коллеҷи санъат

 

4 октябри соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов» ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ чорабиниҳои гуногун баргузор гардиданд.

Он рӯз донишҷӯён ва устодон дохил ва беруни бинои коллеҷро ба таври идона оро доданд. Синфхонаҳо, роҳравҳои берун бо шиору лавҳаҳо ва рӯзномаҳои деворӣ таъмин карда шуданд. Барномаи адабию фарҳангӣ таҳти унвони «Умри миллат ба умри забон вобаста аст» бо иштироки тамоми донишҷӯёну омӯзгорони муассиса дар сатҳи хеле баланд баргузор гардид.

Ҳамчунин озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Забон - поя ва ҳастии миллат» ҷамъбаст гардида, ғолибони озмун эълон карда шуда, бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. 

Мақсад аз баргузории чорабиниҳои мазкур дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани «Рӯзи забони давлатӣ», баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихор аз арзишҳои миллии кишвари азизамон, такмили савияи донишу ҷаҳонбинии донишҷӯён мебошад.