Сомонаи пешина | Дш, 22 Октябр 2018 | 12:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ЧОРАБИНӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ТЕЛЕВИЗИОН

 

3 – октябри соли 2018 дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии телевизион чорабинии маърифатию фароғатӣ доир гардид.

Донишҷӯёни шӯъбаи рӯзноманигории муассисаи таълимӣ дар барномаи худ оид ба таърихи пайдоиш ва ташаккули телевизион маълумоти муфасал дода, телевизионро воситаи муосиртарини ахбори омма маънидод карданд.

Боиси зикр аст, ки 3 октябри соли 1959 шабакаи Телевизиони Тоҷикистон аввалин бор ба фаъолият шуруъ намудааст. 

Ба чорабинӣ инчунин суруду мусиқӣ, рақсу саҳначаҳои тарбиявӣ ки аз ҷониби муҳассилин пешкаши аҳли толор гардид, ҳусни иловагӣ бахшиданд.