Сомонаи пешина | Чш, 19 Декабр 2018 | 05:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Театри Лоҳутӣ «Ҷиноят ва ҷазо»-ро ба Самарқанду Бухоро мебарад

 

3 октябри соли 2018 як гурӯҳ хунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо роҳбарии директори театр Лутфулло Давлатзода ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳсипор шуданд.

Мақсади сафар намоиши мазҳакаи «Ҷиноят ва ҷазо» ба мардуми Бухоро ва Самарқанд мебошад. 

Аз ҷумла, намоишнома рӯзи 5 октябр дар шаҳри Самарқанд ва рӯзи 6 октябр дар шаҳри Бухоро манзури тамошобинон мегардад. 
«Ҷиноят ва ҷазо» ба қалами Михаил Зошенко тааллуқ дошта, онро коргардон Абдукарим Машраб рӯи саҳна овардааст.